Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созмонҳои мамнуъ" ҳама гуна ҳамкориро бо Далери Имомалӣ рад карданд. САДО, ВИДЕО


Яке аз сабтҳои охири Далери Имомалӣ

Шинохтатарин созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон ҳама гуна ҳамкориро бо Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери тоҷик, рад карданд. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ӯро рӯзи 18-уми июн ба гумони "иштирок дар фаъолияти ҳизбу иттиҳодияҳои мамнуъ" (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомот нагуфтанд, ки кадом созмонро дар назар доранд. Дар Тоҷикистон тақрибан бист гуруҳи сиёсиву динӣ мамнуъ эълон шуда, Ҳизби наҳзати исломӣ, Паймони миллӣ ва "Гуруҳи 24" дар садри ин феҳраст қарор доранд.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯйи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "Далер мустақим ё ғайримустақим бо ҲНИТ робита надошт. Аммо мавқеи Далери Имомалӣ ҳамон мавқеъ буд, ки ҳаракатҳои озодихоҳ доштанд. Ӯ адолат мехост, дигар созмонҳо низ. Дигар робитае байни онҳо вуҷуд надорад."

Таҳлилгари тоҷик Абдураҳими Умариён мегӯяд, ҳатто ҳамин ҳамнавоӣ аз ҳам фарқи зиёд дорад, чунки "Далер мушкилоти ҷомеаро муаддабона, касбӣ ва бидуни даъвои мансабу ҷоҳталабӣ ироа мекард. Барои ҳукумат ӯ беҳтар аз мухолифони ин ҳукумат аст, ки айни корро бо шеваи тунду талх мегӯянд, зеро ҳадафи дилхоҳ ҳизбу ҳаракати мухолиф агар инқилоб ва ба даст овардани қудрат бошад, ҳадафи Далер ислоҳот ва ҳалли мушкилоти мардум аст." Ба гуфтаи ин таҳлилгар, барои пайванд додани "Далер ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ягон далели воқеӣ вуҷуд надорад."

Намояндаи ҲНИТ: Ӯ адолат мехост, мо ҳам
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00
Линки мустақим

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, масъули ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мегӯяд, Далери Имомалӣ ҳеч вақт узв ва ҳамкори онҳо набуд ва бо ин созмон робитае надошт.

"Худаш борҳо таъкид кардааст, ки бо ҳизбҳои мамнуъ ҳамкорӣ надорад. Ба "Гуруҳи 24" ягон вобастагӣ надошт. Ин туҳмат аст, сиёҳ кардан аст, тарс додан аст. Инҳо худашон аз мо дурӣ меҷустанд," – афзуд ӯ.

Намояндаи "Гуруҳи 24": Далери Имомалӣ бо мо робита надошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00
Линки мустақим

Ба иттилои расмӣ, маъмурони милиса дар Душанбе дар се моҳи аввали имсол 14 касро ба гумони узвият дар гуруҳҳои мамнуъ, аз ҷумла “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ дастгир кардаанд. Дар аввали имсол Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ба иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гуруҳи 24” боздошт ва ба 6 сол зиндон маҳкум шуд.

"Дар "боло" тасмим гирифтаанд, ки..."

Дар ҳамин ҳол, ҳабси Далери Имомалӣ барои маҳофили коршиносон ғайримунтазира будааст. Баъзе аз онҳо мегӯянд, то охир ба раҳоии ӯ ва хабарнигори дигари боздоштшуда Абдуллоҳ Ғурбатӣ бовар доштанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Коршинос Абдумалик Қодиров гуфт, "ростӣ, ҳеч гумон намекардам, ки бархурди мақомот ба қазияи Далер ва Абдуллоҳ чунин мешавад. Ба назар мерасад, дар "боло" тасмим гирифтаанд, ки "Тоҷикистонро аз мунаққидон ба пуррагӣ пок кунанд" ва ҳабси Далер аввали кор аст. Агар ин танҳо "гирифтани алови чашми дигарон" аст, як дард аст, вале агар "оғози маъракаи густарда" аст, пас, оқибати чунин “маърака” барои ояндаи кишвар хатарнок аст."

Мусоҳиби мо гуфт, ҳодисаҳои як соли охир баёнгари онанд, ки Тоҷикистон ба 85 сол ақиб баргаштааст. "Таъқиби дигарандешон ва умуман ҳар касе, ки амали ҳукуматро танқид мекунад, нисбат ба солҳои пешин ба маротиб зиёд шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми таъқиб ва ҷазо додан, мақомот дигар аз чизе тарс надоранд; гумон мекунӣ, ки “тормоз”-и мошинаи таъқиб канда шудааст," – шарҳ дод ӯ.

Таҳлилгар Абдураҳими Умариён мегӯяд, "айбномае, ки бар зидди Далер эълон шуд, як зарбаи дигар, балки ҷонкоҳ бар камари озодии баён метавон унвон кард.
Аз он ки болои ин парванда мӯҳри махфӣ задаанд, баёнгари сохтакорӣ ва надоштани далелҳои кофӣ бар ин ҳукми ноодилона ҳаст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Далери Имомалиро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

"Имкон надорад, ҳамаро битарсонанд"

То ин дам созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар бораи боздошт ва ҳабси пешакии Далери Имомалӣ ва хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ чизе нагуфтаанд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ, ки Далери Имомалӣ узвияташро дорад.

Баъзе аз рӯзноманигорон бовар доранд, ки мақомот бо ҳабси Далери Имомалӣ наметавонанд, монеи кори дигарон бишаванд.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Ба қавли Зафари Сӯфӣ, муассиси хабаргузорӣ ва нашрияи "Озодагон", ки муқими Аврупост, "дунё танҳо бо Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Васеъ аст. На ҳукумати Тоҷикистон пеши роҳи инро гирифта метавонад, на ҳукумати дигаре. Ҳадди ақал се-чаҳор ҳазор нафаре, ки назарашонро бигӯянд, ба берун баромадаанд. Дар байнашон даҳ Далери дигар бо баёни тундтар пайдо мешавад. Имкон надорад, ки пеши роҳи ҳамаро бигиранд ва ҳамаро битарсонанд."

Зафари Сӯфӣ: "Алайҳи Далер далеле надоранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00
Линки мустақим

"Вакили дифоъ метавонад..."

Аммо ончи мояи ташвиш шудааст, муттаҳам кардани хабарнигорону наздикони мухолифин ва дигарандешон ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) ва махфӣ кардани парвандаҳо дар чанд соли охир аст.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ҷамшед Ёров мегӯяд, бо моддаи 307 боз кардани парванда нисбати Далери Имомалӣ баҳонаест барои ҳабси ӯ. "Парвандаро махфӣ кардан ҳам ғайриқонунӣ аст. Вакили дифояш имкон дорад, ҳабси пешакиро бо додани кафолат бекор кунонад. Чаро вакили дифоъ талош накард? Онҳо 3 рӯз муҳлат доранд, ки аз рӯи қарори додгоҳ оид ба ҳабси пешакӣ шикоят баранд, зеро ягон асос нест. Аслан муошират бо аъзои ҳизби мамнуъ ҷиноят нест. Ин ба маънои он нест, ки ӯ ҳамкорӣ дорад. Ҳамкорӣ ин пеш бурдани фаъолияти онҳо аст," – шарҳ дод ӯ.

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров ҳоло вакили дифоъ ва ҷомеаи хабарнигорони тоҷик бояд барои бекор кардани ҳукми ҳабси пешакии ӯ талош кунанд.

"Хатти охир"

"Суистифода аз ин модда дар қазияи Далер ба обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналхалқӣ як зарбаи сахте мешавад. Бахусус дар замоне ки дар натиҷаи бӯҳрони амиқи ҷаҳонӣ кишвар ба сармоя ва ёриҳои берунӣ сахт эҳтиёҷ дорад. Инҳое, ки имрӯз мехоҳанд, бо чунин “ҷазодиҳии мунаққидон” худашонро дар назди “боло” ширин кунанд, намефаҳманд, ки хизмати хирсона карда истодаанд,” – гуфт коршинос Абдумалик Қодиров.

Зафари Сӯфӣ, ҳамсуҳбати дигари мо, бовар дорад, “ҳамин пинҳонкорӣ нишонгари он аст, ки алайҳи Далер ҳеч далел надоранд, аммо ҳарчи мехоҳанд, анҷом медиҳанд. Ҳатто хабарнигори кӯҳнакор 72-соларо бурдаанд. Фикр мекунам, ин нишони ба хатти охир расидан аст, аз ҷониби ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон.”

  • Дар як моҳи охир ба камияш панҷ рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон дастгир ё ба самти номаълум “бурда шудаанд”.
  • “Бунёди Бузургмеҳр”, созмони мустақар дар Аврупо, дар номааш ба САҲА рӯзи 17-уми июн аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ном бурдааст.
  • Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшон, ки 17-уми майи имсол дар Душанбе дастгир шуд, низ рӯзноманигор аст.
  • Дар ин муддат ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт низ ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шудааст.
  • Созмонҳои байнулмилалӣ пайваста ҳукумати Тоҷикистонро ба саркӯби хабарнигорону расонаҳои мустақил ва маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ танқид мекунанд, вале мақомот намепазиранд.

Ба гуфтаи Абдураҳими Умариён, дар баробари он ки ҳалномаи зидди Далери Имомалӣ "ба номи Тоҷикистон иснод оварда, онро дар сархати расонаҳои байналмилалӣ сиёҳу доғдор ҷилва медиҳад, ҳамзамон рӯҳияи садҳо ҳазор аз мардум ва фаъолони ҷомеаро, ки боздошти Далерро мустақим назора мекарданд, мекушад ва эътимодро ба адолат ва шаффоф набудани сохтори ҳокимияти судӣ аз байн мебарад." Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон танқидҳои байнулмилиро дар ин бобат рад карда, батакрор эълом медоранд, ки дар кишвар адолати додгоҳӣ мавҷуд аст.

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG