Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ". Далери Имомалиро ба ҳабс гирифтанд. ВИДЕО


Далери Имомалӣ ҳангоми гузоришдиҳӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Далери Имомалӣ ҳангоми гузоришдиҳӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохта ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба "ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ" (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар дониста, ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ин хабарнигору блогер борҳо дар суҳбатҳои видеоияш гуфтааст, бо ягон ҳизбу гурӯҳе ҳамкорӣ надорад ва танҳо рисолати хабарнигории худро анҷом медиҳад.

Ӯ ҳамзамон ба "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ дар мавриди содир шудани ҷиноят" муттаҳам аст. Маълум нест, дар толори додгоҳ чӣ гуфтааст.

Ҳамроҳи Далери Имомалӣ ҳамкораш, хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, низ дастгир шудааст, вале дақиқ нест, ки додгоҳ нисбати ӯ чӣ қароре бароварда.

Наздикон набуданд, вакил забонхат додааст

Қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дар бораи ҳабси пешакии Далери Имомалӣ 18-уми июн содир шуд. Ба мурофиа танҳо вакили мудофеъро роҳ додаанд. Наздиконаш гуфтанд, ҳангоми эълони қарор набуданд. Мақомот натанҳо парвандаро шарҳ намедиҳанд, балки ба он муҳри махфӣ задаанд.

Далери Имомалӣ 34-сола аст ва 15-уми июни имсол дастгир шуд. Худи ӯ ҳамон рӯз дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки дар роҳ ба вилояти Суғд ӯро ба идораи милисаи ноҳияи Айнӣ бурдаанд. Дертар дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе пайдо шуд.

Абдураҳмон Шарипов
Абдураҳмон Шарипов

Маълум нест, Далери Имомалӣ ҳангоми мурофиа чӣ гуфтааст. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов пас аз анҷоми мурофиа гуфт, аз ӯ забонхат гирифтаанд, ки ба касе тафсилот надиҳад.

Аммо худи Далери Имомалӣ дар суҳбатҳояш борҳо гуфтааст, ки ба ягон ҳизбу гурӯҳе ҳамроҳ нест ва ҳадаф аз наворҳояш ҳам ислоҳи вазъу ҳалли мушкилоти мардум ва ҷомеа аст. Дар яке аз наворҳои ахираш хабарнигор аз он нигаронӣ мекард, ки корбаре ӯро ба “Гурӯҳи 24” ва ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ пайванд дода, “хоину иғвогар” номидааст.

"Ҳамин мушкилро ман нагӯям, ки гӯяд?"

Зимни баҳс бо ин нафар дар як навори видеоӣ Далери Имомалӣ гуфт, ӯ на фақат аз камбудиҳо, балки аз пешрафту хубиҳо ҳам мегӯяд. Вай дар ин навори ахираш гуфт, “вақте ман 70 километр роҳи Балҷувонро дар асри 21 дар 7,5 ним соат меравам, ҳамин мушкилро нагӯям, ки гӯяд? Вазифаи журналист гуфтан нест? Ҳамеша шиорҳои ман ин аст, ки зинда бод сулҳу субот оромиш дар рӯйи дунё ва дар Тоҷикистон.”

То ин дам созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон дар бораи боздошт ва қарори ҳабси Далери Имомалӣ чизе нагуфтаанд. Созмони байнулмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз, қароргоҳаш дар Париж, рӯзи 17-уми июн аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ӯ ва хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки низ боздошт шудааст, раҳо кунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Далери Имомалиро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Аз саҳнаи ҳунар ба майдони хабарнигорӣ

Далери Имомалӣ, ки бо фошгӯиҳояш ном баровардааст, тақрибан як сол боз ҳамчун блогери мустақил кор мекард. Саҳифаи ӯ дар Ютюб зиёда аз 150 ҳазор пайрав дорад ва "Бе қайчӣ", "Ватан дигарай", "Дар талоши адолат" ва "Бидуни огоҳӣ дар қабулгоҳи вазирон" аз ҷумлаи гӯшаҳои пурбинандааш ҳастанд.

Ӯ қаблан дар Радиои "Ватан" кор мекард. Дар Радиои "Имрӯз" ва нашрияи ҳамномаш низ фаъолият дошт. Масъули гурӯҳи театрии "Нигоҳи нав" ва хатмкардаи Доникадаи фарҳанги Тоҷикистон аст.

Далери Имомалӣ рӯзи 5-уми июни имсол дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳунарпешагиро омӯхт, аммо аз онки ба майдони рӯзноманигорӣ омад, пушаймон нест.

"Журналистика ба ман нон дод. Ҳарчи хӯрдаму пӯшидам, агарчи сахт ҳам бошад, аз рӯзноманигорӣ аст. Агар як зарра ном ҳам дод, рӯзноманигорӣ дод. Кинову театр хеле кам овардааст. Аз онҳое, ки бо хабарнигорон муносибати бад мекунанд, хафа ҳастам, аммо на аз худи рӯзноманигорӣ," – гуфта буд ӯ.

Далери Имомалӣ дар ҳоле боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд, ки 4-уми июни имсол баъди сабти барномааш дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур боздошту бозпурсӣ шуд ва ҳам ба гуфтааш мушту шаппотӣ хӯрд.

  • Дар як моҳи охир ба камияш панҷ рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон дастгир ё ба самти номаълум “бурда шудаанд”.
  • “Бунёди Бузургмеҳр”, созмони мустақар дар Аврупо, дар номааш ба САҲА рӯзи 17-уми июн аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ном бурдааст.
  • Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшон, ки 17-уми майи имсол дар Душанбе дастгир шуд, низ рӯзноманигор аст.
  • Дар ин муддат ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.
  • Созмонҳои байнулмилалӣ пайваста ҳукумати Тоҷикистонро ба саркӯби хабарнигорону расонаҳои мустақил ва маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ танқид мекунанд, вале мақомот намепазиранд.
XS
SM
MD
LG