Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далери Имомалӣ: Ё аз ҳаққи мо дифоъ мекунанд, ё аз саф берун


Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохтаи тоҷик, ки 4-уми июн бозпурсӣ шуд ва ба гуфтааш "се шаппотӣ ва як мушт хӯрд", мегӯяд, аз мақомоту созмонҳои рӯзноманигорӣ вокуниши расмӣ нагирифт, вале аз навиштаҳои баъзе хабарнигорону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳбаланд шуд. Ӯ рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмим гирифт, муваққатан дар саҳифааш дар Ютюб навор нагузорад. Чаро? Посухи ин ва суолҳои дигарро дар зер бихонед.

Далери Имомалӣ: "Ташаккур, ки ба қазияи мо таваҷҷуҳ кардед. Имрӯз якшанбе аст, ниҳодҳои давлатӣ истироҳат доранд. Ҳеч вокунише нашудааст. Аз тарафи созмонҳои рӯзноманигорӣ низ. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш зиёд аст. Аз тарафи хабарнигорон ва роҳбарони баъзе идораҳои рӯзноманигорӣ. Ин ҳолат воқеан рӯҳияи маро устувор мекунад. Рӯҳияе, ки дирӯз шикаста буд. Рӯзноманигорони шинохта ва як қатор созмонҳо гуфтаанд, қазияро пайгирӣ мекунанд, бетараф намеистанд. Умед дорам, ҳарчи ҳаст, дар доираи қонун дида мебароянд."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки ҳангоми бозпурсӣ рафтори номуносиб карданд, зарбу лат буд. Оё дар бемористон будед, ташхис кардед?

Далери Имомалӣ: "Дақиқан мегӯям, ки не. Аз се шаппотӣ ва як мушт ҳамагӣ аввалашро дар ёд дорам. Дар қисмати рости рӯям буд, болои гӯш. То субҳ таъсири дардаш истод. Дарди як мушту ду шаппотии дигар кам буд. Дар лаҳзаҳое, ки маро шаппотӣ мезад, соати дасти зананда шикаст. Ӯ даъво кард, ки гуё соаташро ман шикастаам ва хост, гуруҳи зудамалро даъват кунанд. Ман гуфтам, коре накардам, баръакс, Шумо маро задед. Гуфт, ту муқобилият нишон додӣ. Ду шоҳид гуфтанд, туро касе назадааст. Ҳамон вақт эҳсос кардам, ки ягон далел ба кор намеравад. Ҳатто агар ташхис ҳам кунем. Барои ҳамин, ба бемористон нарафтам."

Радиои Озодӣ: Аз ҳоло ба натиҷаи таҳқиқ бовар надоред?

Далери Имомалӣ: "Бенатиҷа аст. Мо ҳеч исбот карда наметавонем. Ман танҳо будам, онҳо ду нафар. Мутаассифона, факт дода наметавонем."

Радиои Озодӣ: Ба ҷуз аз зарбу лат ва бозпурсӣ таҳдиде ҳам шуд?

Далери Имомалӣ: "Таҳдиди ҷиддӣ набуд. Ҳама намояндаҳои мақомот, ба ҷуз шахсе, ки дар даҳ дақиқаи аввал хушунат кард, муомилаи хуб доштанд. Бе ҳақорат, дар доираи қонун, суҳбат карданд. Ин нафар, намедонам, аз чӣ нороҳат ва асабонӣ буд, ки ба ҳамла гузашт. Бақияи бозпурсӣ бе дашному ҳақорат анҷом шуд. Онҳо ба гуфтаи худашон "гузашт" карданд, дар ҳоле ки гуфтам, қонуншикание накардам. Мегуфтанд, "дар гузоришҳоят иғво дида мешавад", "хабарҳоро намесанҷӣ", "матолибро бе мувофиқа пахш мекунӣ" ва "шаъну шарафи корманди давлатиро паст мезанӣ". Ишораашон ба навори ду мусоҳиби мо буд, ки мегуфтанд барои гирифтани замин ба кадом корманди идораи давлатӣ пул додаанд. Баъдан телевизиони "Ҷаҳоннамо" мусоҳибони моро нишон дод, ки нақли худро пурра рад карданд."

Радиои Озодӣ: Дар як наворатон аз 4-уми июн гуфтед, ки то рӯзи душанбе , 6-уми июн, маълум мешавад, ба блогерӣ идома хоҳед дод ё не. Ба чӣ хулоса расидед?

Далери Имомалӣ: "Ман ҳанӯз интизорам, ки ҳамкасбон, роҳбарони созмонҳои журналистӣ чӣ вокуниш нишон медиҳанд. Аз онҳо хоҳиш дорам, ба қазия бетараф набошанд. Умед дорам, тасмими қонунӣ мегиранд. Мо ҳам бояд бинем, ки дар фаъолияти рӯзноманигорӣ чӣ мушкил дорем, то минбаъд ислоҳ кунему ба кор идома диҳем. Ман узви Иттифоқи журналистон ҳастам. Умед дорам, ё аз ҳаққи мо дифоъ мекунанд ё аз саф берун. Масъулони Шӯрои ВАО, ки ба мо ҷоизаи "Эътимод" додаанд, Худо накарда, тасмим гиранд, ки хатое рафтааст, аз журналистика даст мекашам. Агар гӯянд, ки кори мо дуруст буд, идома медиҳам."

Радиои Озодӣ: Рӯзи шанбе ваъда додед, ки дар саҳифаатон дар Ютюб навори нав мегузоред, вале то ҳоло чизе нест. Ҳосили суҳбатҳои дирӯза ё мушкили техникӣ?

Далери Имомалӣ: "Пеш аз ҳама, таъсири рӯҳияи ман аст. Дувум, масъалаи сабту тадвини видео ба дӯши ҳамкори мо, Абдулоҳ Ғурбатӣ, аст. Ӯ дирӯз дар хонаводааш хабари хуш дошт ва бо он машғул буд. Бинобар ин, гузошта нашуд. Агар видео тадвин мешуд, навори "Дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур" ҳатман гузошта мешуд. Вале ҳоло ба хулосае омадам, ки то тасмими ҷиддӣ гирифтани созмонҳо ҳеч видео намонем."

Радиои Озодӣ: Вақте Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигору блогери тоҷик, гуфта буд, ба кораш поён медиҳад, аз ӯ даъват доштед, бас накунаду аз майдон наравад. Ҳоло худатон дар ҳамин вазъият ҳастед. Чӣ ҳис доред?

Далери Имомалӣ: "Тасмими ман ҳанӯз ниҳоӣ нест. Инки аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорони давлативу хусусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳлӯи мо ҳастанд, эҳсос ин аст, ки ба корамон идома диҳем. Тасмими охир пас аз нишасти созмонҳо гирифта хоҳад шуд."

Радиои Озодӣ: Аммо дар коратон чизеро тағйир хоҳед дод?

Далери Имомалӣ: "Чанд бохте, ки дар кори журналистиям доштам, ислоҳ мекунам. Ин эътимоду боварии аз ҳад зиёд ба мардуме, ки худро ҷабрдида мегӯянд. Ҳатман нисбат ба онҳо аз эҳсос кор намегирам ва ба ҳарфашон сад дарсад бовар намекунам."

Радиои Озодӣ: Дар ин лаҳзаҳо аз онки ба журналистика омадед, пушаймон нестед?

Далери Имомалӣ: "Росташро гӯям, не. Ягон зарра. Журналистика ба ман нон дод. Ҳарчи хӯрдаму пӯшидам, агарчи сахт ҳам бошад, аз рӯзноманигорӣ аст. Агар як зарра ном ҳам дод, рӯзноманигорӣ дод. Кинову театр хеле кам овардааст. Аз онҳое, ки бо хабарнигорон муносибати бад мекунанд, хафа ҳастам, аммо на аз худи рӯзноманигорӣ."

Шарҳҳоро бинед (31)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG