Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далери Имомалӣ: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ягон ҷангталабро надидам  


Далери Имомалӣ бо сокинони марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.
Далери Имомалӣ бо сокинони марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Далери Имомалӣ, ҳунарманди ҷавони тоҷик ба наворбардории филми мустанад бо номи “Сулҳ” дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз кардааст.

Ӯ бо ҳамроҳонаш мустанадро дар мавзеъҳое сабт мекунад, ки шоҳиди даргирии хунин дар рӯзҳои 28-29-уми апрели соли равон буданд.

Бар асари даргирӣ дар марз беш аз 50 нафар аз ду ҷониб кушта шуд ва зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ гаштанд. Даҳҳо манзили зист низ хароб шудааст. Мақомоти тоҷику қирғиз ҳамдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор мекунанд. Ҳарчанд, ҷонибҳо дар мавриди оташбас созиш бастанд, вале ба назар мерасад, ки сокинони ду кишвар ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо баҳсҳои лафзӣ атрофи ин ҳодисаро идома медиҳанд.

Далери Имомалӣ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз ин тасмимаш ва чӣ тавр пайдо шудани идеяи филм нақл кард.

Далери Имомалӣ: Ман дар Қирғизистон дӯстони зиёд дорам, ба Чингиз Айтматов, нависандаи қирғиз хеле эҳтиром мегузорам. Ба синамо ва театри Қирғизистон эҳтиром дорам. Онҳо ҳам ба мо эҳтиром доранд ва мо муносибати хуби дӯстиву ҳамкорӣ дорем. Мехоҳам, ҳамин дӯстиву ҳамкорӣ миёни варзишагарони ду кишвар, ҳунармандон, сиёсатмадорон, миёни олимон, миёни аҳли шеъру қалам боқӣ монад. Ҳамин андеша буд, ки дар шабу рӯзи ҷанг, рӯзҳои 28-29-уми апрел ман бо ҳамин маъно навиштаҳоро нашр мекардам. Идея аз ҳамон постҳо ба миён омад, ки гуфтам бояд дар мавзӯи дӯстӣ филми мустанад созам.

Баҳси замину заминдориамон алоҳида аст. Ин кори сиёсатмадорон аст. Кадом тараф бурд, кадом тараф бохт, кадом тараф замин дод, кадом тараф замин гирифт, ин мушкили сиёсатмадорон аст, ки сарҳадро бояд барвақт ҷудо мекарданд ва ҳақ ба ҳақдор мерасид. Вале ман ва тими мо, ҷавонони инсонмеҳвар, инсондӯст намехоҳем, ки на аз тарафи Қирғизистон ва на аз тарафи Тоҷикистон дигар як кӯдаке бепадар монад, як зане бешавҳар монад, як модаре бефарзанд монад. Ба ҳамин хотир хостам ин филмро бо номи “Сулҳ” ба навор гирам. То куҷо муваффақ мешавем, аён нест.

Радиои Озодӣ: Дар марз ин идеяи шуморо сокинон, марзбонон ва умуман мақомоти ду ҷониб чӣ гуна қабул карданд?​

Далери Имомалӣ: Сокинони деҳаи Сомониёни Исфара идеяи филмро хуб пазируфтанд. Даъвое ҳам надоштанд. Қаҳрамоне, ки доштам, аз ҳамин деҳа ҳаст, ӯ рафт ба дидорбинии ҳамсояаш ва гуфт, ки мо ҳеҷ вақт ҷанг накарда будем ва даст ба дасти ҳам зиндагӣ мекардем. Қирғизе, ки аз он тараф буд, он ҳам хуб қабул кард ва ҳеҷ мушкиле набуд. Лекин сокиноне, ки дар минтақаи Ворух буданд ва онҳо шоҳиди даргириҳои бештар будаанд, ба ин фикр розӣ набуданд. Мегуфтанд, ки қирғиз ҳеҷ гоҳ сулҳ намекунад. Ҳамсоя ҳеҷ вақт ба дасту қавли додааш намеистад ва метавонад боз қонуншиканӣ кунад, биёяд ҷанг кунад. Зоҳиран қаҳри онҳо ҳанӯз паст нашудааст ва мегуфтанд, ки қирғиз то нимаи рӯз як назар дорад, то бегоҳ назараш тамоман дигар мешавад. Ин гапро бештар мардуми Ворух мегуфтанд.​

Радиои Озодӣ: Шумо барои оғози сабти филм бо мақомоти ду кишвар низ суҳбат кардаед. Назари онҳо чӣ буд?​

Далери Имомалӣ: Аз мақомоти сатҳи болои фақат ин пешниҳодро ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми сафар ба ин мавзеъ кардам. Ӯ ба намояндаҳои ҷамоатҳо супориш дод, ки барои таҳияи ин филм мусоидат кунанд ва раиси вилоят ҳам дар ин сафараш, ки мо тасодуфан ҳамроҳ шудем, мегуфт, ки мо бояд ҳамеша дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кунем ва бояд идеология дар ду тараф кор кунад, ки мардум дубора хун нарезанд. Раиси вилоят ин андешаро ҳамеша ташвиқ мекард. Намояндаҳои низомии ду тараф ҳам. Ман дидам, ки майоре аз тарафи Қирғизистон омад, барои акси дӯстона гирифтан ва мо тоҷикону қирғизҳоро паҳлуи ҳам акс гирифтем. Мақомоти қудратии мо ҳам мегуфтанд, ки бояд дар фазои сулҳ зиндагӣ кунем. Ҳоло барои ман аҷиб аст, ки кӣ ҷанг мехоҳад, намедонам. Дар куҷо кӣ ҷанг мехоҳад, намедонам, чун дар назди мо ҳама, аз ҳарду ҷониб аз дӯстиву сулҳ ҳарф мезананд.

Радиои Озодӣ: Дар зери навиштаҳои шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидам, ки бархе ин инқдоми шуморо хуб қабул накардаанд. Бархе менависанд, ки вақте ҷомеаи як тараф ҳанӯз андешаи ҷангталабӣ дорад, аз тарафи Шумо сулҳро дар миён гузоштанро ҷангҳохон нишонаи заъфу шикаст хоҳанд донист ва ин баръакс эҳтимоли шикастани сулҳро бештар хоҳад кард. Назари шуморо ин шарҳҳои зери навиштаҳоятон дигар накард?

Далери Имомалӣ: Дар постҳои гузоштаам ин назарҳоро зиёд мехонам. Аммо биёед, инсофан назар кунем, ки дарозтарин ҷангҳои рӯйи дунё панҷсолу даҳсол тӯл кашид, ниҳояти ҳамааш чӣ буд? Албатта, сулҳ буд. Пас ҳамин ҷанги кӯтоҳе, ки ду се рӯз давом кард, вале решааш, ба гуфтаи калонсолони Ворух, аз 30-уми декабри соли 1974 сарчашма мегирад, то имрӯз захмҳои зиёд бар дил гузоштааст ва ман фикр мекунам, ки дигар бояд натиҷааш сулҳ бошад. Ҳоло он тараф сулҳро мехоҳад, намехоҳад, тарафи мо сулҳро мехоҳад, намехоҳад, мардуми одӣ бояд ба сӯи якдигар санг наандозад, ба якдигар бояд об диҳанд, ба якдигар роҳ диҳанд ва хонаи якдигарро насӯзонанд. Ҳоло сиёсатмадорону низомиён чӣ мехоҳанд, мардуми оддӣ бояд сулҳ хоҳад. Хоҳиши ман ҳамин аст.

XS
SM
MD
LG