Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни “Нигоҳи нав” дар ҷустуҷӯи чеҳраҳои нави театр


Дар саҳнаи озмуни "Нигоҳи нав"
Дар саҳнаи озмуни "Нигоҳи нав"

Дар ҷашнвораи театрии “Нигоҳи нав” дар бинои Театри Маяковскийи шаҳри Душанбе ҳафт намоиш пешкаши доварон ва бинандагон мешаванд, ки яке аз онҳо берун аз озмун аст.

Дар рӯзи аввали ҷашнвораи "Нигоҳи нав" дар бинои Театри ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе намоишномаи "Ману ман” аз рӯи асари Константин Фролов дар коргрдонии Ватандор Шерованд доварон ва бинандагонро шод намуд. Вале созмондиҳандагони озмун мегӯянд, "сюрприз"-ҳои нав дар пешанд.

Чаҳорумин ҷашнвора - озмуни театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ба муносибати 75-солагии ҳунармандони маъруф – Убайдулло Раҷабов ва Ислом Саломов рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе оғоз гирифт. Далери Эмомалӣ, раҳбари фарҳангии ҷашнвора - озмуни театрии “Нигоҳи нав” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки доварон ва бинандагон намоишҳои аввалин ҷашнвора истиқбол карданд. Қарор аст, озмун то 20 май идома кунад.

Дар ҳоле ки соли гузашта ин ҷашнвора ба мушкили молӣ рӯбарӯ гашт ва таассуроти хубе боқӣ нагузошт, имсол, ба гуфтаи ҷаноби Эмомалӣ, ҷашнвора бо кӯмаку мусоидат ва ҳамкории Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Душанбе, шабакаи телевизионии “Сафина”, Иттиҳоди ходимони театрӣ ва чанд ширкати дигари ватанӣ имконпазир гардид ва ҳадафи он муаррифии вазъи имрӯзаи театри тоҷик аст.

Интизор меравад дар ҷамъбаст озмун 10 ҷоиза, аз қабили “Шоҳҷоиза”, “Беҳтарин нақши зан”, “Беҳтарин нақши мард”, Беҳтарин нақши лаҳзавӣ”, “Коргардони беҳтарин” “Беҳтарин дараматургияи миллӣ”, "Беҳтарин мусиқӣ" ва ғайра тақдим шаванд. Созмондиҳандагони ҷашнвора умедворанд, ки он ба рушди театри тоҷик, ифшои чеҳраҳои нав ва қадрдонии фидорокони риштаи театр мадад хоҳад кард.

Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов

Ҳамзамон ҷашнвора ба хидматҳои ду ҳунарпеша ва коргардони тоҷик Убайдулло Раҷабов ва Ислом Саломов , ки дар рушди ҳунари театрии Тоҷикистон саҳми босазо доранд, арҷ хоҳад гузошт. Убайдулло Раҷабов дар театр ва синамои тоҷик садҳо нақши фаромӯшнашуданӣ бозида, муддате раҳбарир Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва коргардони театри "Оина" буд. Ислом Саломов солҳои зиёд саркоргардони Театри академии драмаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ даҳҳо намоишномаи хотиринишин таҳия кардааст.

“Ҷашнвора – озмуни “Нигоҳи нав” аз соли 2012 баргузор мешавад ва то кунун се маротиба ин иқдом дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони эҷодкори тоҷик сурат гирифтааст. Ин бор дар фазое ҷараён меёбад, ки бисёриҳо аз бӯҳрони ҳунари театрӣ ҳарф мезананд, аммо дар маркази Душанбе бузургтарин театри Осиёи Марказӣ сохта мешавад, ки барои он 100 миллион доллар сарф хоҳад шуд. Аммо ин харҷ суолҳоеро ба миён овардааст, ки театрҳои мавҷудаи кишвар тамошобини бисёр кам доранд ва муваффақияти коргардонҳои тоҷик, мисли Барзу Абдураззоқов асосан дар хориҷ аз кишвар иттифоқ меафтанд.

Ҳар сол Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи Хуҷанд ва театр-студияҳои назди театрҳои касбиро наздики 60 нафар хатм мекунанд, вале танҳо каме бештар аз ними онҳо дар театрҳои Тоҷикистон ҷои кор пайдо мекунанд. Интизор меравад, дар пасманзари танқидҳои бунёди бузургтарин театри Осиёи Марказӣ бидуни омода кардани кадрҳои зарурӣ ва худи тамошобин таваҷҷӯҳ ба рушди театр, аз ҷумла чунин ҷашнвораҳо густариш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG