Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирмуҳаммадзода: Бархе “бузи ҳукумат” гуфтанд, бархе “хоини миллат”. ВИДЕО


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор тоҷик

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор тоҷик, ки баъди як навораш дар рӯзи президент маъруф шуд, эълон кард, ки ба фаъолияти блогериаш хотима медиҳад.

Пирмуҳаммадзода ду соли ахир навори суҳбатҳои худро дар Ютуб пахш мекард ва ҳаводорони зиёд дошт. Рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ҷонибдорони ҳукумат ӯро “хоини миллат” мегуфтаанду мухолифин “одами амният”. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вақте мардум аз гуфтани мушкилоти худаш метарсад, барои кӣ барнома мекунӣ? Радиои Озодӣ дар суҳбат бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода нахуст аз ӯ пурсид, ки чаро наворҳояшро аз Ютуб пок кард?

Таҳқир, тӯҳмат, таҳдид

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Инҷо ягон ҷойи хавотирӣ нест, ягон мушкилот, фишороварӣ ва таъқиб ҳам нест. Фақат як нукта ҳаст, ки мо аҳли қалам каме ҳассос ҳастем. Вақти охир, вақте баҳсҳо зери ҳар як навор тезутунд мешуд, шарҳҳои гуногун меомад. Табиатан ба ҳар як навишта таваҷҷуҳ мекунам ва мехоҳам донам, ки мардум нисбати наворе, ки пахш кардам, чӣ мегӯянд. Баъд аз он хеле фишорҳои равонӣ дидам.

Радиои Озодӣ: Аз тарафи кӣ ё киҳо аниқтараш?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Баъзан афроде пайдо мешуд, ки “хоини миллат ва давлат” ном мебурданд, баъзеҳо “бузи ҳукумат” ё “хидматгори амният” мегуфтанд. Ба фейкҳо аҳамият намедодам. Вале тайи як моҳи ахир чанд нафар бо ҳамин маъниҳо зиёд навиштанд, аз ҷумлаи афроде, ки мешинохтам. Боз беибо мепурсанд, ки дар нисбати шумо ҳаминхел гап аст, ки шумо ходими амният ҳастед, ё наворҳоятонро шабакаҳои мухолифин истифода мекунанд, шумо дар ҳақиқат хоини ин миллату давлат ҳастед? Аз ҳамон рӯзҳои аввал, ки дар Ютуб саҳифа ташкил кардам, гуфтам, ки мақсади асосии мо муттаҳид кардани мардум аст. Барои ман фарқ надорад, ки ӯ ходими давлатӣ аст ё ки мухолиф аст. Барои ман ҳама бародар, хоҳар ва модаранд. Ҷойе ки дидам, ки ҳукумат манфиатҳои маро ҳамчун шаҳрванд поймол мекунад, ҷойе ки дидам як фосиқ дар як вазифаи ҳукуматӣ қарор дорад ё монополисте, ки имрӯз пушти як сиёсатмадори ҳукуматӣ қарор дорад, рӯирост интиқод кардаам ва роҳи ҳалро пешниҳод кардам. Зимнан ҳолатҳое ҳам буд, ки дидам бародарони мухолиф баромаданд ва мардумро дар ҳолатҳои алоҳида аз ҷумла дар қазияи Бадахшон ва ҷанги Русияву Украина таҳрик медоданд. Аз ҷумла, баъзе аз мухолифин муҳоҷирони кории тоҷикро ҳамчун як дастак истифода кардан хостанд. Ман ба муҳоҷирон рӯ овардам, ки дахолат кардани шумо ба масъалаи Украинаву Русия ҳеч як таъсиргузор нест. Баён кардани фикр дар Фейсбук мумкин як баҳона шаваду шуморо ихроҷ кунанд. Дар ин ҳолат аз як бурдаи нони фарзандонатон маҳрум мешавед. Хубаш дахолат накунед ва аз бародарони мухолиф хостам, ки аз муҳоҷирон ҳамчун васат истифода баранд. Пеш аз ин дар моҷарои Бадахшон аз ман хоҳиш шуда буд, ки фикру андешаҳои худро гап занам.

Радиои Озодӣ: Аз тарафи кӣ хоҳиш шуд?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Аз тарафи мақомот. Ман шарт гузоштам, ки он чизеро мегӯям, ки андешаи ман аст ва шумо ба ман бор намекунед, ки чӣ бигӯям. Ман моҷарроро пурра пайгирӣ кардам ва ба мардум тавсия додам, ки аз хушунат худдорӣ кунанд. Тоҷикистон имрӯз дар як муҳосираи сиёсие қарор дорад, ки пантуркистҳо аз як ҷониб, бартариталабии Чин аз як ҷониб ва аз ҷануб Толибон. Гуфтам, ки мардуми имрӯз дар ҳолате нест, ки ҳамин гуна як масъалаҳоро дар дохили худаш як низоъ кунад ва бо ин душманони мо дар гирду атроф аз ин сӯистифода баранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Пирмуҳаммадзодаро бархе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:25:09 0:00

Радиои Озодӣ: Ба ҷуз аз қазияи Бадахшон мақомот аз шумо боз хостанд, ки дар дигар мавзуъҳо суҳбат кунед?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Танҳо дар ҳамин масъалаи Бадахшон буд. Ин ягон супориш набуд. Фақат гуфтанд, ки шумо ҳамчун фаъоли ҷомеа фикратонро гӯед. Гуфтам, ки имрӯз вақти ҷудошавӣ нест, бояд муттаҳид шавед. Мушкилот ҳаст, мардуми Бадахшон ва нафарони дар курсиҳои баланд нишаста бояд сари мизи музокирот нишаста ҳал кунанд.

“Вақте мардум аз гуфтани мушкилаш метарсад...”

Радиои Озодӣ: Онҳое, ки ба Шумо ҳаргуна “лақаб” медоданд, киҳо буданд? Мақомдорон ё аз мухолифин?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Аз ҳарду ҷониб. Мухолифин менавиштанд, ки бародар агар зери фишор бошӣ, беҳтар аст хомӯш бош, кормандони амният наворҳоятро истифода мекунанд. Аз ин тараф мегуфтанд, ки амр кун мухолифин наворҳоятро истифода набаранд. Посухашон медодам, ки бародарон ман шаҳрванди Тоҷикистонам ва ҳамаи шумо чӣ ҳукуматиҳо ва чӣ мухолифин бародарони ман ҳастед. Мо бояд дар якҷоягӣ миллатро муттаҳид кунем. Агар онҳо истифода мекунанд, ман сухани ғаразе нагуфтаам, барои ислоҳи ҷомеа гуфтам. Шумо ҳамин онро гиред ва барои ислоҳи ҷомеа истифода баред. Чӣ ҷойи монеагӣ аст? Аммо мегуфтанд, ки хубтар аст ин гапҳоро нагӯӣ, нанависӣ. Вақте дидам сиёсатмадорон, кормандони ҳифҳи ҳуқуқ ё фаъолони мухолифин не, балки мардуми одии ҷонибдори ҳукумат ҳам менависанд, ки хомӯш будани ту афзалтар аст барои кӣ дигар бигӯям?

Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Озодӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик
Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Озодӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик

Радиои Озодӣ: Аммо борҳо дидем, ки дар зери наворҳои шумо, бахусус он изҳороти баҳсбарангезатон, хелеҳо аз шумо тарафдорӣ карданд. Дигар инки нисбати ҳар блогер ё сиёсатмадорон ин гуна танқидҳо мешавад. Агар воқеан болои шумо фишоре набуд, пас чаро бар асоси танқиди чанд нафар тасмим гирифтед, ки коратонро қатъ кунед?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Дар оғози суҳбат гуфтам, ки мо аҳли қалам эҳсосӣ ҳастем. Он нафароне, ки маро хуб мешиносанд, медонанд, ки ба чизе дар ин дунё дилбастагӣ надорам. Ба осонӣ метавонам аз ҳама чиз дасту дил бишӯям.

Радиои Озодӣ: Аммо аз он ҳадафҳое, ки дар наздатон гузошта будед, ба монанди таҳаммулпазир кардани ҷомеа, шумо даст кашидед?

"Хаста шудам"

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Ба хотире даст кашидам, ки дидам, мардум ҳамин чизҳоро намехоҳад. Дуруст гуфтед, ки дар оғоз мардум як ҷасорат пайдо карданд, гуфтанд, ки дигар мо метавонем шикоят кардан. Дигар фарқият надошт, ки ӯ корманди милиса аст, амният аст ё дигар мақомдор аст, баромад ошкоро гуфт, ки ин ҳуқуқи маро поймол кардааст, ман ҳаққи худро мехоҳам. Вале оҳиста-оҳиста боз ҳам тарсӯӣ, беҷуръатӣ, дудилагӣ. Дар ҳамон блоге, ки ташкил кардам, асосан мушкилотҳоеро мегуфтам, ки худам дар ҷомеа ба он рубарӯ ҳастам. Менавиштанд, ки дар фалон минтақа роҳамон вайрон аст, илтимос мекарданд, ки рафта роҳро ба навор гирам. Ба онҳо мегуфтам, ки худатон навор гиред, ман дар бахши хабарнигори мардумӣ мегузорам. Ҳар наворе, ки аз лиҳози қонунӣ таҳқиру туҳмат набошад, шумо сабт кунед, ҳатто агар ба роҳбари давлат эрод доред, дар доираи қонун, марҳамат, сабт карда фиристед, ман дар саҳифаам мегузорам. Мегуфтанд, “илтимос худатон кунеду моро ба бало намонед.” Вақте мардум дар талаб кардани ҳаққи худаш тарсӯ аст, мехоҳад ба ҷойи ӯ як рӯзноманигор гап занад, дигар барои кӣ гап занем? Имрӯз дӯсти мо Далери Имомалӣ хеле фаъол аст, аз мушкилоти мардум гуфта истодааст. Вале Худо накунаду рӯзе моҷарое мисли қазияи Иззат Амон ба сараш биояд, кӣ пушту паноҳи ӯ мешавад? Дар наворҳои ахири Далери Имомалӣ аз шикояткунандаҳо мепурсад, ки шумо гуфтед, ки аз номи оилаи роҳбари давлат фалониҳо гап заданд, ҳаминхел буд, мардум худашро қафо мегиранд. Яъне ҷуръат надоранд, ҳарфи худашонро дар назди камера гап зананд.

Иллати дигар ин буд, ки саҳифаи ман дар Ютуб қариб 29 ҳазор обуначӣ дошт. Наворҳои маро то 100-150 ҳазор тамошо мекарданд. Дар Фейсбук бошад 5 ҳазор обуначӣ доштам. Вақте дар Фейсбук як навор мемондам, то 20 ҳазор нафар тамошо мекард, аммо фақат 10-20 нафар тугмаи писанд ё нописандро мемонданд. Барои кадом мардум барнома мекунӣ, вақте ҷуръате надорад, ки ақалан тугмаи "писанд нест"-ро пахш кунад? Ё лайк гузорад. Пӯшида нест, агар наворе мегузоштам, ки зидди манфиатҳои давлат мешуд, мақомоти қудратӣ даъват мекарданд ва барои ҳар гапи гуфтаам ҷавоб талаб мекарданд, ки чаро инхел гуфтӣ, далелат чӣ аст? Ман барои гапи худам ҷавоб гуфтам, агарчӣ намедонам онҳо то ҳоло парванда карда, ба рӯзи мабодо мондаанд ё не. Дар баробари ин, вақте масъалаи Бадахшонро гуфтам, ман гуфтам, ки бародарон худдорӣ кунед, хушунат роҳи ҳалли мушкили ҷомеаи мо нест. Он андешаи худи ман буд. Вақте навори маро гурӯҳҳои тарафдори ҳукумат пахш карданд, мухолифин баромаданд, ки "ин ҷосуси амният, ин фалон." Ҳарфҳои ман, алалхусус ба рӯзноманигорони шинохтае, ки аз Бадахшон буданд ва баъзеашон дӯстонам ҳастанд, писанд наомад ва онҳо гуфтанд, ки “диванний эксперт,” ин аз куҷо масъалаи Бадахшонро мефаҳмад. Хостам бигӯям, ки шумо худатон зодаи Бадахшон ҳастед, чаро муҳри хомӯшӣ дар даҳон задаед, чаро шумо чизе намегӯед? Чаро навори модарони Бадахшон, ки бо сӯзи ҷигар мегӯянд ва ман забони бадахширо намефаҳмам, шумо мефаҳмед, чаро нашр намекунед? Вақте як нафар ба худдорӣ даъват кард, шумо мегӯед, ки ӯ “бузи амният” аст. Ман аз ҳамкасбони Бадахшониам сахт ранҷидам. Гуфтам, шумо ҷуръат доред, пас бигӯед, ки чӣ мехоҳанд онҳо, шумо медонед, нагуфтед-ку. Ман ба кори бад даъват накардам. Ҳамин гуфтаҳоро чанд рӯз баъд пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV гуфтанд, мардум бояд сабру таҳаммулро пеш гиранд ва дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ҳар давлате ки зиндагӣ мекунанд, фаъолият кунанд.

Радиои Озодӣ: Яъне наворҳои шумо ҳам аз тарафи ҷонибдорони ҳукумат ва ҳам аз тарафи мухолифон гоҳо сӯистифода мешуданд?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Бале. Андешаи шахсиам аст, ки ман ҳаргиз хушунатро қабул надорам. Лекин дар ислоҳи камбудҳо фарқият намегузорам, ки ин роҳбари давлат аст, вазир аст ё мухолиф аст.

“Барои пули Ютуб ба миллат хиёнат мекунӣ?”

Радиои Озодӣ: Ба гуфтаи шумо ин як воқеияти ҷомеаи мо аст, ки мардум метарсанд ҳатто аз мушкилоти худашон суҳбат кунанд. Дар ин ҳолат шумо ҳамчун як рӯзноманигор даст кашидед, дигарон ҳам худро қафо кашанд, ҷомеа ба кадом тараф меравад? Ҳол онки бисёриҳо аз шумо интизор доштанд, ки ҳамчунон қолабшиканиатонро идома медиҳед.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Дуруст, ҳаминаш ҳам боиси нигаронии дӯстон гардид ва баъзе афроди шинохта ҳам гуфтанд, ки кори хато кардед, новобаста аз мушкилот бояд роҳатро идома медодӣ. Ҳатто рӯзноманигори шинохта Додоҷони Атовуллоро мисол оварданд, ки он қадар фишору таъқибҳое, ки нисбати ӯ буд, то ҳанӯз дар роҳи муборизааш пойдор аст, ту чаро ақиб гаштӣ?

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон осон аст, ки ҳамчун як блогер аз мушкилоти мардум суҳбат кунед?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Баръакс, мушкил аст. Ин яқин аст, ки мақомот ба он хотир ба ман дағалгуфторӣ накарданд, ки ман таҷрибаи рӯзноманигорӣ доштам ва кӯшиш мекардам, аз доираи қонун берун набароям. Кӯшиш мекардам. Дар сурати зарурӣ ҳар баҳонеро ёфтан мумкин аст. Дар баробари ин вақте як одами оддӣ блогер мешавад ва як мушкилеро мегӯяд, ба хотири онки ҳанӯз шинохташуда нест ва касе аз ӯ ҳимоят намекунад, бо фишору озору таъқиб ва таҳдид хомӯш мекарданд.​

Радиои Озодӣ: Дар муддати 2,5 соле, ки дар Ютуб будед, аз ин ҳисоб чӣ миқдор маблағ гирифтед?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Вақте дар оғоз мақомот баъди пахши наворҳо даъват мекарданд, мегуфтанд, ки шарм намедорӣ ба хотири пули Ютуб шуда, ба миллат хиёнат мекунӣ ва наворҳоро ба мухолифон мерасонӣ. Мегуфтамшон, ки ман ба касе равон накардам, онҳо аз саҳифаи фейсбуки ман гирифтанд. Ба хотири гапи мақомот ва чанд фейк, ки мегуфтанд, блогерон ба хотири пул шуда кор мекунанд, муддати якуним сол аз Ютуб пул нагирифтам. Таксӣ мерондам ва пули интернет медодам. Танҳо дар муддати 2 моҳи ахир аз Ютуб қариб беш аз 600 доллар гирифтам. Як қисми ин маблағро хайр кардам ва дар Душанбе мусофиркашонии ройгон ташкил карда будам.​

Радиои Озодӣ: Шояд ин суол дар зеҳни бисёр нафароне, ки шуморо мешиносанд бошад. Мо дигар Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ намебинем?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Рӯзноманигор ба фикрам беморист, беморие ки ба гумон аст то ҷон дар бадан аст, берун шавад. Ба хотири онки касеро нороҳат накунам, касеро дилозурда накунам, бечора кормандони амният ва милиса аз корашон намонанд, ҷинояткоронро ҷустуҷӯ кунанд, ҳар навори маро дида таҳлил накунанд, мухолифон ҳам аз пайи андешаҳои сиёсии худашон шаванд ва фикр накунанд, ин рӯзноманигор ҷосуси ҳукумат аст, ман бо ҳамин суҳбатамро иктифо мекунам. То он вақт, ки мардум ҷуръат пайдо карда, аз гуфтани мушкилоти худ наҳаросанд. Ҳаргиз наметарсам, касе муроҷиат кунад барояш кӯмак мерасонам, вале то он замон ман як мусофиркаш. Дар қади роҳ дидед, натарсед, манъ карда шинед, то ба ҷойи даркорӣ мерасонам.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG