Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрд бо таксиҳои 5 сомонӣ "нарм шудааст". Пирмуҳаммадзода: "Роҳи дигари даромад нест". ВИДЕО


Бо таксиҳои "5 сомонӣ" чӣ хоҳад шуд?

Мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доштанд, ки монеи ҳаракати таксиҳои, ба истилоҳ, "5 сомонӣ" дар Душанбе шаванд ва амалиёти густардаеро дар ин замина ба роҳ монданд. Аммо"дарди дил"-и Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигору ронандаи таксӣ, дар моҳи ноябри соли гузашта, ки вокунишҳои зиёде дар пай дошт, зоҳиран шиддати иҷрои ин иқдомро камтар кардааст.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аслан хабарнигор аст, аммо чанд соли охир бо таксиронӣ рӯз мегузаронад. Охири соли гузашта дар як муроҷиати видеоӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чанд мушкил, аз ҷумла бекорӣ гуфт. Навори муроҷиаташ дар як муддати кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёд ба бор овард.

"Гуфтам, мабодо мардум ба танг оянд"

Худи Абдусаттор мегӯяд, баъд аз он ки пайиҳам ду дафъа аз сӯйи нозирони роҳ барои "мусофирбарии ғайрирасмӣ ҷарима шуд", тасмим гирифт, дар наворе аз мушкилот лаб кушояд. "Як сол қабл, вақте раиси шаҳр нав шуд, дар вайбери шаҳрдорӣ навиштам, ки ҳамин гуна проблема ҳаст. Мабодо мардум ба танг оянд. Хуб мешавад, ки Шумо аз ҳозир чора андешед", -- нақл кард ӯ.

Таксиҳои ғайрирасмӣ, ба мисли таксии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, махсусан дар давраи пандемия дар кишвар хеле зиёд шуд. Бо баста шудани роҳ ба Русия ва афзоиши сафи бекорон, бисёриҳо барои пешбурди зиндагӣ ба таксиронӣ рӯй оварданд.

Пирмуҳаммадзода мегӯяд, мехост, барои таксиронӣ иҷозатнома бигирад ва фаъолияти худро расмӣ кунад, аммо барои ин бояд мошине медошт, ки ҳадди ақал соли 2016 истеҳсол шудааст.

Аксар мошинҳое, ки ба мусофиркашӣ машғуланд, кӯҳнаанд ва риояи ин талабот барои соҳибони онҳо мушкил аст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯяд, "мардум дигар роҳи даромад надоранд. Фақат ба он хотир ба роҳ мебароянд, ки панҷ-шаш мусофир кашонанд ва бо пули он нону ширинӣ гирифта, ба назди кӯдакон ба хона раванд."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Вазири нақлиёт аз таксиҳои арзон пуштибонӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Вазири нақлиёт гуфт, роҳи ҳалро ҷустуҷӯ доранд

Моҳи октябри соли гузашта Вазорати нақлиёт якҷо бо ҳукумати шаҳри Душанбе барои ошкор кардани таксиҳои ғайриқонунӣ "рейд" гузаронданд.

Ба иддаои мақомот, таксиҳои ғайрирасмӣ кӯҳна буда, бехатар нестанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд ва боис ба танбашавӣ мешаванд. Чунин таксиҳоро ҳам аксаран нозирони роҳ нигоҳ дошта, ҷарима мебанданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ғайриинтизори сокинон гуфт, мақомот ба фаъолияти таксиҳои ғайрирасмӣ зид нестанд ва, баръакс, омодаанд ба онҳо кумак кунанд. Азим Иброҳим ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин робита ба зудӣ тасмим хоҳанд гирифт.

"Омӯхтан даркор аст, ки бояд бо кадом роҳ ҳал кунем. Шояд ягон ҷамъият ташкил кунанд ё бо имтиёз патент гиранд ва ё ягон роҳи дигар", -- афзуд ӯ.

Таксиҳои ғайрирасмӣ дар Душанбе, ки пештар бо номи таксиҳои "3 сомонӣ" ва ҳоло "5 сомонӣ" машҳуранд, яке аз нақлиёти серистифода дар пойтахт ҳастанд. Роҳкирои ин нави мусофиркашонҳо бештар аз ҳаққи хидмати автобусҳо аст, аммо ба қавли сокинон "аз таксиҳои ширатҳои расмӣ хеле арзонтар".

XS
SM
MD
LG