Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси истгоҳҳо дар Душанбе. Мақомот дар фикри ҷазо ҳастанд. ВИДЕО


Мақомоти соҳаи нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, дар фикри сахттар кардани ҷазои ронандаҳое ҳастанд, ки дар Душанбе таваққуфгоҳ ё истгоҳҳои ғайрирасмиро пойбарҷо медоранд.

Ба гуфтаи онҳо, чунин таваққуфгоҳҳо дар назди фурӯшгоҳи "Садбарг", атрофи бозори "Саховат"-у "Корвон" ва маҳаллаи 102-юми пойтахт боқӣ мондаанд. Ронандагони таксиҳо аз он ҷо мусофиронро ба шаҳру ноҳияҳои атроф мебаранд.

Сокинони биноҳои назди таваққуфгоҳҳои ғайрирасмӣ дар Душанбе онро "дарди сар" медонанд, вале ронандагон "ҷойи хубе барои ёфтани муштарии зиёд".

Мақомоти пойтахт мегӯянд, дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр таваққуфгоҳи расмӣ ё ҷойе барои кашондани мусофирон ба шарҳу ноҳияҳои атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад, "вале на ҳама аз он истифода мекунанд". Баъзе аз ронандагон дар ин маврид далели худро доранд.

Ронанда Мақсуд Зубайдов, ки аз назди фурӯшгоҳи “Садбарг” ба ноҳияи Файзобод мусофир мекашонад, гуфт, “таваққуфгоҳи расмие, ки дар километри 9-ум сохтаанд, дур аст ва то он ҷо рафтани мусофирон вақту пули зиёд сарф мешавад. Мо низ аз ин ҷо зуд одам меёбем ва барои истодан ба касе пул намедиҳем. Аз ин сабаб роҳкиро низ арзон аст. Беҳтар аст, таваққуфгоҳҳоро наздик ба маркази шаҳр созанд.”

Баҳси истгоҳҳои ғайрирасмӣ. Мақомот дар фикри ҷазо ҳастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Яке аз мухолифони вуҷуди таваққуфгоҳҳо дар маркази шаҳр ва дар назди биноҳои истиқоматӣ сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд. Довуди Одина, сокини ноҳияи Фирдавсии Душанбе мегӯяд, дар маҳаллаи 46-ум, дар назди хонаашон чандин ронанда то нисфи шаб бо садои “кӣ ба Ёвон меравад?” онҳоро ҳатто хоб рафтан намегузоранд.

Вай гуфт, сокинон чанд дафъа аз ронандагон хостаанд, ки назди биноро ба таваққуфгоҳ табдил надиҳанд, “вале натиҷае надод”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯву ҳамсояҳояш, “каме дуртар аз маҳалла, дар назди пули самти ноҳияи Рӯдакӣ таваққуфгоҳи расмӣ аст ва беҳтар аст ронандагон аз он ҷо мусофир гиранд.”

Сафаралӣ Гулов, сардори ширкати “Корпоратсияи мусофирбар”, бо ронандагони таваққуфгоҳҳои расмӣ шартнома баста, кори онҳоро назорат мекунад. Вай мегӯяд, таваққуфгоҳҳои ғайрирасмӣ аз мушкилест, ки то ин дам дар ҳалли он оҷиз мондаанд.

“Танҳо дар маҳаллаи 102-юм, ки ронандагон ба кашонидани мусофир ба шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор машғуланд, беш аз 120 мошинро ошкор кардем. Онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд. Иҷозатнома, патент, роҳхат надоранд. Бояд ҳамаи ин ба танзим дароварда шавад”, -- гуфт ӯ.

Пули патент ё иҷозаи кори як ронандаи мусофиркашон 120 сомонӣ барои як моҳ пешбинӣ шудааст.

Як ронандаи мусофиркашон бе зикри номаш гуфт, пардохти пули патент, гирифтани роҳхат ва расмиёти дигар барояш гаронӣ мекунад ва бино бар ин, маҷбур аст аз таваққуфгоҳҳои ғайрирасмӣ мусофир гирад.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Ганҷалзода, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, “проблема вазнин аст” ва ҷазо барои ин кор бояд вазнин карда шавад.

"Он ҷазоҳое, ки ҳоло дорем ба онҳо мушкил ҳал нашуда истодаст, муҷозотҳоро вазнин кардан лозим. То ҷазо сахту қатъӣ нашавад, мушкил ҳал намешавад,"-таъкид кард ҷаноби Ганҷалзода.

Дар ҳоле ки мақомот роҳи ҳалли мушкилро дар муҷозоти сангин мебинанд, коршиносон ба ин назаранд, ки “беҳтар аст, шароит фароҳам кард, то тартибу низоми дуруст дар таваққуфгоҳҳо роҳандозӣ шавад”. “Маълум аст, ки таваққуфгоҳҳо зери назорат нестанд ва бино бар ин то кунун тартибу низом надоранд”, -- мегӯяд Аҳмадшоҳ Комилзода.

Камбудҳо дар самти мусофиркашонӣ ва кори таваққуфгоҳҳои пойтахт аз мушкилҳоест, ки борҳо мавриди интиқоди ҷомеа қарор гирифтааст. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки аҳолии Душанбе дар ҳоли афзоиш аст ва шумораи мошинҳои зиёде ҳам вориди пойтахт мешаванд, коршиносон мегӯянд, шояд мавзӯи мусофиркашонӣ рӯз аз рӯз доғтар гардаду хомӯш – на.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG