Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз дохилу берун. Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, блогерҳоро озод кунад. ВИДЕО


Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Боздошти хабарнигорони тоҷик, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, вокунишҳоеро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба бор овардааст. Чанд рӯзноманигор ба таври ҷудогона ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ хостаанд, мақомот онҳоро раҳо кунанд. Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳанӯз чизе нагуфтанд. Додситонӣ хабарнигоронро дастикам ба се банди қонуни ҷиноӣ муттаҳам донистааст.

RBW

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) боздошти блогеру хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, онҳоро озод кунад.

Созмон рӯзи 17-уми июн бо нашри баёнияи кӯтоҳ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳз барои фаъолияти хабарнигориашон таъқиб шудаанд, ки мухолифи қонунҳои Тоҷикистон ва қонунҳои байнулмилалӣ аст.

Иттиҳоди Аврупо

Муовини раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон низ рӯзи 17-уми июн гуфт, аз ин қазия ва ҳодисаҳои дигари вобаста ба кори хабарнигорон огоҳанд.

"Мо аз озодии баён ва кори журналистони мустақил ҳамчун авлавияти бахши ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мекунем, зеро матбуоти озод ҷомеаро бештар демократӣ, нерӯманд ва гуногун месозад ва василаи хубе барои ҳимояти ҳуқуқи инсон мешавад," – гуфт Петра Гаспарова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Намояндагии созмонҳои дигари байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Милал дар Душанбе дар бораи ин қазия хомӯшанд. Рӯзи 17-уми июн дар баъзе аз намояндагиҳои дипломатӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ гузориш навишта, ба роҳбаронашон пешниҳод кардаанд, вале то ҳол вокунише нагирифтаанд.

Чӣ шуд?

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн аз сӯйи Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир шуданд.

Вакили мудофеъ гуфт, ба зидди Далери Имомалӣ ба иттиҳоми "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ дар мавриди содир шудани ҷиноят" парванда боз шудааст. Иттиҳоми аввал то ду сол ва иттиҳоми дувум то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро ба "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" гумонбар донистаанд. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Додситонӣ расман қазияро шарҳ намедиҳад.

Мумкин аст, ба зудӣ додгоҳе дар Душанбе қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро баррасӣ кунад. Додгоҳ тасмим хоҳад гирифт, ки ин ду рӯзноманигор озод ё ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд.

Вокуниши ҳамкорон

Айни замон нигарониҳо дар Тоҷикистон аз боздошти хабарнигорон зиёд мешавад. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигор ва блогери тоҷик, гуфт, рафтори мақомот бо ҳамкорони ӯ ғайриқобили қабул аст.

Ӯ афзуд: "Қазияе, ки ба сари ду рӯзноманигори ҷавон омад, ҳушдору огоҳӣ ба хабарнигорони дигар аст, ки эҳтиёт бошед, дасту қалам, забони худро нигоҳ доред, то мабодо бо ин вазъ дучор нашавед. Ба гумони ман, Далер ва Абдулло қурбониянд, қурбонии касби хеш, қурбонии бозиҳои сиёсии пасипардагии ҳукумат.”

Навори суҳбатҳоро дар инҷо бинед:

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, блогерҳоро озод кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори дигари тоҷик, ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ончӣ ки бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ сурат гирифт, “воқеан, мояи нигаронии ҷиддист”.

“Ҳамаи онҳое, ки дар расонаҳо кор мекунанду навор мегиранд, аз ҷумла мо, маълум аст, ба куҷое даъват мешавем. Ҳар боре даъват шудем, ҳодисаи муқаррарӣ шумурдем. Вазифаашон ҳисобидем. Ҷойи ранҷиш надорад. Аммо вақте як мансабдор фақат ба хотири онки матлабе ба хости дилаш нест ё худро таҳқиршуда меҳисобад ва рӯзноманигорро мезанад, воқеан, боиси нигаронӣ аст,” – илова кард ӯ.

Хомӯшии созмонҳои дохилӣ

То ин дам ҳеч созмони маҳаллии кор бо рӯзноманигорон, аз ҷумла Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои ВАО дар бораи боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ чизе нагуфтаанд.

Масъулони баъзе аз созмонҳо гуфтанд, мунтазири шарҳи расмии мақомот ҳастанд. Иттифоқи журналистон, ки Далери Имомалӣ узви он аст, дар ин бора чизе нагуфтааст ва талошҳо барои суҳбат бо роҳбари созмон то ин дам бенатиҷа аст.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ давоми чанд моҳи охир фаъолона дар бораи кори идораҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон гузоришҳои танқидӣ омода мекарданд ва ин барномаҳо дар Ютюб бинандаи зиёд дошт. Ҳодисаи ахир дар ҳолест, ки Далери Имомалӣ 4-уми июни имсол, баъди сабти видеоиаш дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, боздошту бозпурсӣ шуд ва ба гуфтааш “чанд мушту шаппотӣ хӯрд”.

Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест.

XS
SM
MD
LG