Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, ки чаро Маскав "асабонӣ" аст


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Нерӯҳои Русия ба бомбаборони Донбас идома додаанд. Мақомоти Украина гуфтанд, вазъ дар шарқи ин кишвар "бениҳоят вазнин аст".

Президент Владимир Зеленский ҳушдор дод, ки Маскав аз наздик шудани қарори Шӯрои Аврупо дар бораи додани мақоми номзад ба Украина барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо "хеле асабонӣ" аст.

Сергей Ҳайдай, волии Луҳанск, мегӯяд, нерӯҳои украинӣ ба муҳофизати Лисичанск ва Северодонетск идома медиҳанд. Дар онҷо задухӯрди шадид ҷараён дорад.

Ҳайдай ба телевизиони Украина гуфт, нерӯҳои Русия бештар шаҳри Северодонетскро зери назорат доранд, вале корхонаи кимиёвии "Азот"-ро нагирифтаанд. Дар онҷо садҳо ғайринизомӣ ҳафтаҳо боз паноҳ бурдаанд.

Ӯ гуфт, роҳе, ки Северодонетск ва Лисичанскро бо шаҳри Бахмут мепайвандад, зери тирборони шадид аст.

Дар ҳамин ҳол, Зеленский пешгӯӣ карда буд, ки Маскав дар остонаи нишасти Иттиҳоди Аврупо дар охири ҳамин ҳафта ҳамлаҳоро афзоиш хоҳад дод. Вақте ки раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дархости узвияти Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG