Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эммануэл Макрон дар интихобот "зарба" хӯрд


Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Эммануэл Макрон ва ҳукумати эътилофии ӯ дар интихоботи порлумонии рӯзи 19-уми июн зарбаи сахте хӯрданд. Ҳоло сиёсатмадори марказгарои фаронсавӣ саъй дорад, дигарбора бо ташкили эътилоф аксарияти курсиҳои порлумонро дар дасташ нигаҳ дорад.

Бар тибқи омори муқаддамотӣ, ки нашрияи фаронсавии “Фигаро” нашр кардааст, тарафдорони Эммануел Макрон дар фақат 245 курсиро соҳиб шудаанд, агарчӣ барои идомаи кори бемамониат дар порлумон ба 289 курсӣ зарурат доштанд.

Эътилофи аҳзоби чапгарои Фаронса таҳти раҳбарии Жан Люк Меланшон бо касби 130 курсӣ дар порлумон мақоми дуввумро ба даст овардааст. Тарафдорони Мари Ли Пен сиёсатмадори дигари ҷанҷолии Фаронса 89 курсии порлумонро ба даст овардаанд, ки дар таърихи Ҳизби миллигарои Фаронса дида нашудааст.

XS
SM
MD
LG