Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон бо Эрон низоми бераводид ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ мекунад


Президентҳои Эрон ва Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Президентҳои Эрон ва Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 14 июн дар мулоқот бо ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ гуфтааст, кишвараш бо Эрон ба муҳлати то 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ мекунад.

"Ин иқдом ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла густариши робитаҳо байни намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳон равона шудааст. Ман боварӣ дорам, ки тоҷирони эронӣ аз ин имтиёз пурра истифода мебаранд”, - изҳор доштааст Тоқаев.

Мулоқот дар доираи сафари расмии президенти Қазоқистон ба Эрон сурат гирифтааст. Тоқаев баъди ба сари қудрат омадан бори нахуст аз Эрон боздид кард. Қаблан раҳбарони ду кишвар соли 2021 дар ҳошияи нишастҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шангхай дидору гуфтугӯ карда буданд.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари Тоқаев ба Эрон масъалаи мақоми ҳуқуқии баҳри Хазар баррасӣ ва як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо шавад. Мулоқоти президенти Қазоқистон бо раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG