Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сиёсатмадори уйғуртабор мехоҳад узви парлумони Ҷопон шавад


Оилаи уйғуртаборҳо дар як бозори Шинҷон. Акс аз бойгонӣ
Оилаи уйғуртаборҳо дар як бозори Шинҷон. Акс аз бойгонӣ

Як сиёсатмадори уйғуртаборе талош дорад дар Ҷопон узви маҷлиси қонунгузор шавад. Арфия Эрӣ 33 сол дошта, ҳафт забони хориҷиро медонад. Ин зан мегӯяд, дар маъракаи интихоботиаш тамаркуз сари қавмияти ӯ дуруст нест. Ӯ дар гузашта дар СММ кор ва дар Ҷопон, Чин ва ИМА таҳсил кардааст. Арфия Эрӣ дар интихоботе, ки моҳи июл барпо мешавад, намояндаи уйғуртабори ҳизби ҳокими либерал-демократи Ҷопон аст.

Эрӣ гуфт, ки ӯ як сиёсатмадори ҷопонӣ мебошад, вале бо ин вуҷуд бисёриҳо ӯро дар бораи масоили уйғурҳо суол мекунанд. Ӯ гуфт, ки ин қобили дарк аст, вале барномаи таблиғотиашро аз назари як шаҳрванди Ҷопон эҷод кардааст. Ӯ аз ҷумла ба шароити зисти ҷопониҳои синфи миёна ва ҳам ба мавзӯи ифтихор аз ҷопонӣ будан тамаркуз мекунад.

Уйғурҳо ва поймолшавии ҳуқуқи онҳо дар Чин чандин соли охир дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор доранд ва ҳукумати Чин барои дар урдугоҳҳои бозтарбия ҷой кардани беш аз як миллион аққалияти мусалмон, аз ҷумла уйғурҳо интиқод мешавад. Аксар сиёсатмадорони саҳнаи сиёсии Ҷопонро худи ҷопониҳо ташкил медиҳанд. Интихоботи парлумонии ин кишвар 10-уми июл барпо мешавад ва 500 номзад барои 248 курсӣ рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG