Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Евровидение"-и 2023 дар Украина баргузор хоҳад шуд ё Бритониё?


Борис Ҷонсон ва Владимир Зеленский. Киев, 17-уми июни соли 2022
Борис Ҷонсон ва Владимир Зеленский. Киев, 17-уми июни соли 2022

Сарвазири Бритониё рӯзи 18-уми июн гуфт, Украина метавонад ва бояд озмуни "Евровидение"-ро дар соли 2023 мизбонӣ кунад.

Борис Ҷонсон ин гапро баъди он ба забон овард, ки созмондиҳандагони озмуни маъруфи мусиқӣ гуфтанд, дар Украина ҷанг ҷараён дорад ва онро дар Бритониё баргузор хоҳанд кард. Ин тасмим Киевро ноумед кард.

Гуруҳи "Калуш Оркестра"-и Украина моҳи майи имсол дар озмуне, ки садҳо миллион тамошобинро дар саросари ҷаҳон ҷалб кардааст, пирӯз шуд. Тибқи анъана, Киев бояд озмуни соли ояндаро мизбонӣ кунад.

Созмондиҳандагон рӯзи 17-уми июн гуфтаанд, бо назардошти вазъи ҳозираи Украина баргузор кардани озмун дар онҷо номумкин аст. Онҳо гуфтаанд, барои ташкили озмун бо ғолиби ҷойи аввал – Бритониё – суҳбат мекунанд.

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, баъди баргаштанаш аз сафари Киев рӯзи шанбе гуфт, "воқеият ин аст, ки онҳо пирӯз шудаанд ва ба ин сазовор ҳастанд."

"Бовар дорам, Киев ё ҳар шаҳри дигари амни Украина ҷойи афсонавие барои баргузории озмун хоҳад буд. То баргузории озмун як соли дигар ҳаст ва то он вақт ҳамааш хуб хоҳад шуд."

Украина иқдоми созмондиҳандагони озмуни "Евровидение"-ро танқид карда, вазири фарҳанг Александр Ткаченко хоҳони лағви тасмим шудааст.

Озмуни мусиқии "Евровидение" соле як бор ва миёни кишварҳои қораи Аврупо баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG