Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Русия шаҳри Лисичанскро бомбаборон кардаанд


Нерӯҳои Русия шаҳри Лисичанскро дар шарқи Украина бомбаборон кардаанд. Мақомоти Украина аз талафот дар ин минтақа хабар доданд.

Ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки нерӯҳои украинӣ чанд ҳафта боз танҳо дар Северодонетск машғули муборизаанд.

Артиши Украина гуфтааст, рӯзи 18-уми июн дар Лисичанск ҳадафҳои низомӣ ва иншооти ғайринизомии онҳо зери оташи тӯпхона ва мушакҳои русӣ монд.

Сергей Ҳайдай, фармондеҳи минтақаи Луҳански Украина, ки масъулияти Лисичанск ва Северодонетск ба дӯши ӯст, дар суҳбат ба телевизиони давлатии Украина гуфт, дар ин ҳамлаҳо шуморе аз мардум кушта шуданд, вале омори дақиқе надод.

Вазорати дифои Бритониё, ки ҷанги Украинаро аз наздик таҳқиқ мекунад, рӯзи шанбе эълон кард, ки дар 24 соати гузашта низомиёни русӣ дар ҳоли пешравӣ ба шаҳри ҷанубии Изюм, 115-километрии Северодонетск, ҳастанд ва мехоҳанд, ин шаҳрро аз самти шимол муҳосира кунанд.

Русҳо дар замоне дар шарқи Украина ва баъзе манотиқи дигари он ба ҳамлаҳои худро сахттар кардаанд, ки раҳбарони чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса ва Олмон, ду рӯз пеш ба Киев рафта, ба Владимир Зеленский, раисиҷумҳури ин кишвар, ваъдаи ҳар навъи ҳамкориро доданд.

Амрико ҳам ёрии якмиллиарддоллариро дар бахши низомӣ ба Украина эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG