Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ба истирдоди ношири WikiLeaks ба Амрико розӣ шуд


Ҷулиан Ассанж дар додгоҳ, лондон, моҳи январи 2020
Ҷулиан Ассанж дар додгоҳ, лондон, моҳи январи 2020

Прити Пател, вазири корҳои дохилии Бритониё, ба истирдоди Ҷулиан Ассанж, муассиси “WikiLeaks” ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷозат дод. Ӯро дар онҷо муҳокима хоҳанд кард. Ҳамкоронаш гуфтаанд, аз рӯйи қарор шикоят мебаранд.

Ҳукумати Амрико мехоҳад, Ассанжи 50-соларо дар пайванд ба нашри 500 ҳазор файл ё бастаи маълумоти махфии низомӣ дар бораи ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон ба додгоҳ кашад.

Ҷонибдорон ва вакилони мудофеи Ассанж мегӯянд, ӯ ба ҳайси рӯзноманигор кор мекард.

“Рӯзи 17-уми июн, пас аз баррасии додгоҳӣ, ҳукми истирдоди Ҷулиан Ассанж ба Амрико содир шуд. Ассанж 14 рӯз фурсат дорад, ки шикоят кунад,” – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Бритониё.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар аз Бритониё даъват доранд, ки дархости истирдоди Ассанжро ба Амрико рад кунад.

Wikileaks дар изҳороте дар Твиттер навишт, “вазири корҳои дохилии Бритониё истирдоди Ҷулиан Ассанжро ба Амрико тасдиқ кард. Дар онҷо ӯро ба 175 сол зиндон маҳкум хоҳанд кард. Ин рӯзи сиёҳе ба озодии матбуот ва демократияи Бритониё аст.”

XS
SM
MD
LG