Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати русҳо бар аксар қаламрави Северодонетск, таслим нашудани украиниҳо ва ҷаласаи вазирони дифоъ


Сарбони рус дар шаҳри Счастйеи Укрина. Июни соли 2022
Сарбони рус дар шаҳри Счастйеи Укрина. Июни соли 2022

Бо вуҷуди муқовимати шадиду талафоти азими ҷонии украиниҳо дар муҳорибаҳои чандҳафтаина дар Северодонетск, нирӯҳои русӣ аксари ин қаламравро таҳти назорат даровардаанд. Дар ҳамин ҳол Ғарб омода мешавад, ки дархости Киевро барои таъмини он бо силоҳу муҳимоти бештар қонеъ кунад. Русия рӯзи 15-уми июн аз нирӯҳои украинӣ, ки дар корхонаи кимиёии Азоти Северодонетск қарор доранд, талаб кард, ки силоҳро замин гузошта таслим шаванд ва ваъда дод, ки барои сокинони мулкии дар ин корхона паноҳёфта “долони башарӣ” эҷод мекунад. Украина то ҳол ин талаботи Маскавро иҷро накардааст. Хадамоти иктишофии Бритониё дар як маҷаллаи хабарии рӯзи 15-уми июн гуфт, ки дар таҳхонаҳои зеризаминии корхонаи Азот дар баробари низомиёни украинӣ чанд ҳазор сокини мулкӣ паноҳ ёфтаанд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар як муроҷиати шабонгоҳии 14-уми июнаш гуфт, ки Украина ба силоҳҳои замонави зиддимушакӣ ниёз дорад ва таъхири шарикон дар ин кор нобахшиданӣ аст. Қарор аст рӯзи 15-уми июн даҳҳо вазири дифои узви Гурӯҳи тамоси Украина дар Брюссел ироаи силоҳҳои бештарро баррасӣ мекунанд. Қарор аст шоми имрӯз инчунин ҷаласаи дурӯзаи вазирони дифои НАТО шурӯъ ба кор кунад. Раҳбарии ҷаласаеро, ки дар он 50 кишвар ширкат хоҳанд кард, вазири дифои ИМА Ллойд Остин ба зимма мегирад.

XS
SM
MD
LG