Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон "Қурултойи миллӣ" таъсис доду худаш раҳбар шуд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва мушовири президенти Қазоқистон Ерлан Қарин. Акс аз соли 2019
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва мушовири президенти Қазоқистон Ерлан Қарин. Акс аз соли 2019

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 15 июн фармон дар бораи таъсиси "Қурултойи миллӣ" (шӯрои мардумӣ)-ро имзо кард, ки вазифа ва ҳайати ин ниҳодро низ муайян ва тасдиқ мекунад.

Раҳбари қурултой худи Тоқаев интихоб ва муовинаш мушовири президенти Қазоқистон Ерлан Қарин таъйин шудааст.

Ерлан Карин гуфт, ба ҳайати аъзои қурултой намояндагони тамоми шӯроҳои минтақавии ҷамъиятӣ, аз ҷумла нависандаи халқии Қазоқистон Мухтор Шаханов, аввалин кайҳоннаварди қазоқ Токтар Аубакиров, ходими маъруфи давлатӣ Алихон Байменов, рӯзноманигор Ермурат Бапӣ шомил шудаанд.

Ба гуфтаи Карин, Қурултойи миллии Қазоқистон ҳамчун “минбари муколама барои дарёфту рушди ғояҳо ва қадамҳо дар самти таҳкиму тавсеаи иттиҳоди ҷомеаи он кишвар ташкил шудааст".

XS
SM
MD
LG