Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи таҳқиқи марги таҳлилгаре, ки сиёсати марзии ҳукумати Қирғизистонро танқид мекард


Марат Қазоқбоев таҳлилгари сиёсии ботаҷриба буд
Марат Қазоқбоев таҳлилгари сиёсии ботаҷриба буд

Дар Қирғизистон ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфт, ки барои таҳқиқи сабабҳои марги як таҳлилгари сиёсӣ ва мунаққиди ҳукумат дар шароити зиндон комиссиюни ҷамъиятӣ ташкил мекунад. Марат Қазоқбоеви 56-сола дар таҳқиқу таҳлили таҳаввулоти сиёсии ватанӣ ва байналмилалӣ таҷрибаи калоне дошт. Ба навиштаи AFP, ҳамсараш Анор Қазоқбоева гуфтааст, ки ҳамсари ӯро барои интиқод аз Қамчибек Тошиев, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт карда буданд. Қазоқбоев гуфта буд, ки “бесалоҳиятии Тошиевро дар баррасиву ҳалли баҳсҳои марзӣ бо ҳамсояҳои Қирғизистон – Тоҷикистон ва Узбекистон собит кардааст”. Қазоқбоевро моҳи апрели имсол боздошт карданд ва ҳафтаи гузашта ӯ дар зиндон ба кома афтод. Ҳамсараш иддао кард, ки шавҳараш дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷаи кормандони амният қарор гирифтааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки вазъи саломатии ӯро дар зиндон нодида мегирифтанд, дар ҳоле, ки ӯ аз мушкилоти гардиши хун ва ҳам биноии бади чашм азоб мекашид. Анор Қазоқбоева гуфтааст, ки шавҳарашро борҳо шиканҷа карда, нагузоштанд, ки бо далелҳои саломатии бадаш озод кунанд. Вале Тошиев ҳафтаи ҷорӣ ба матбуот гуфт, ки “дар марги Қазоқбоев ҳукумат нақше надорад”. Омбудсмени Қирғизистон, ки таъиншуда аз ҷониби ҳукумат аст, ваъда дод, ки комиссиюни вижае бо ширкати “дигар сохторҳои ҳукуматӣ” ва ҷомеаи маданӣ сабабҳои марги Қазоқбоевро таҳқиқ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG