Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 48 шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистонро ихроҷ кардааст


Муҳоҷирон дар Қазоқистон. Акс аз боайгонӣ.
Муҳоҷирон дар Қазоқистон. Акс аз боайгонӣ.

Раёсати пулиси вилояти Туркистони Қазоқистон шахсияти 48 шаҳрванди хориҷиеро, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар иқомат доштанд, ошкор кардааст.

Ба огаҳии раёсат, 31 шаҳрванди Узбекистон ва 17 шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи Қарақонири Қазоқистон ба ҷамъоварии растании шифобахше машғул будаанд.

Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ бо банди "Вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон дар бахши муҳоҷират аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд" санади маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори додгоҳ аз Қазоқистон ихроҷ гаштаанд.

XS
SM
MD
LG