Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Вазъи мардум риққатбор аст.” Тахриби се пул дар шаҳри шарқии Украина


Пули вайроншудае дар Северодонетск. Акс аз моҳвора
Пули вайроншудае дар Северодонетск. Акс аз моҳвора

Се пуле, ки шаҳри Северодонетскро дар шарқи Украина бо олами беруна мепайваст, вайрон карда шудааст.

Волии низомии вилояти Луҳанск ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сокинони шаҳр риққатбор аст.

Сергей Ҳайдай иброз дошт, ки берун баровардани афрод ва ё интиқоли маводи ниёзи аввалия ба ин шаҳр ғайриимкон шудааст.

Нерӯҳои Русия низоми таъмини газ, об ва барқро пурра аз байн бурдаанд.

Ба гуфти Ҳайдай, феълан 70 ё 80 дарсади шаҳри Северодонетск зери назорати нерӯҳои Русия аст.

Эдуард Басурин, сухангӯйи ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав дар Донбас, мегӯяд, баъди тарконидани охирин пули пайвасткунандаи Северодонетск бо шаҳри Лисичанск онҳо Северодонетскро ба муҳосира гирифтанд.

XS
SM
MD
LG