Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 14 кас. Намояндагони мухолифин баёнияи Ҳамидзодаро "таблиғотӣ" гуфтанд


Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои расмӣ, маъмурони милиса дар Душанбе дар се моҳи аввали имсол 14 касро ба гумони узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ дастгир кардаанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар зиёд аст. Мақомот мегӯянд, баъзе аз боздоштшудаҳо узви “Гуруҳи 24” ва Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиянд. Мухолифон изҳороти мақомотро "таблиғотӣ" ва "беасос" гуфтанд.

“31 нафар муайян, вале 14 кас дастгир шуд”

Дар бораи боздошти чаҳордаҳ кас ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода хабар додааст. Вай дар як матлаб дар нашрияи расмии Вазорати корҳои дохилӣ иддао кардааст, ки дар се моҳи аввали имсол дар Душанбе маҷмуан 31 узви ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистиро муайян карданд:

Бароталӣ Ҳамидзода
Бароталӣ Ҳамидзода
  • 5 ҷангҷӯйи ДОИШ;
  • 2 узви "Салафия";
  • 10 узви "Гурўҳи 24";
  • 12 узви ҲНИТ;
  • 2 узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ".

Вале ба навиштаи сардори пулиси Душанбе, аз ин 31 нафар танҳо 14 нафарашон дастгир шудаанд. Бароталӣ Ҳамидзода сабабҳои боздошт нашудани 17 нафари дигарро шарҳ надодааст.

“Мехоҳанд рубтаи баландтар гиранд”

Сардори пулиси Душанбе боздошти 14 узви гуруҳҳои мамнуъро дар се моҳ “натиҷаи самаранок ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” номидааст. Намояндагони ду созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷа, гуфтаҳои Бароталӣ Ҳамидзодаро “бофта” ва “тарсондани мардум” номиданд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, масъули "Гуруҳи 24" дар кишварҳои ИДМ, рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "хабарҳои бофта барои даромад гирифтани мақомоти қудратӣ, дарёфҷти рутбаҳо ва тарс додани мардуми Тоҷикистон зарур аст. Мегӯянд, бубинед, касе бо ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳамкорӣ кунад, зиндонӣ мешавад,” – шарҳ дод ӯ.

Мақомот ному насаби шахсони боздоштшударо ошкор намекунанд. Дар аввали имсол Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, аз сӯи пулиси Душанбе ба иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гуруҳи 24” боздошт ва ба 6 сол зиндон маҳкум шуд. Мухолифин навиштанд, Маҳмадҷонова барои танқидҳои писараш Шерзод ё "Абдураҳмон09" зиндонӣ шуд. Мақомот инро намепазиранд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 дар Русия таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро сиёсӣ медонанд.

"40 ҳазор касро гаравгон гирифтаанд"

Изҳороти мақомот дар бораи боздошти даҳҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ тақрибан дар ҳар нишасти Вазорати корҳои дохилӣ садо медиҳад. Намояндагони мақомот, аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ дар нишастҳои хабарӣ талош мекунанд, “Гуруҳи 24” ва ҲНИТ-ро дар қатори ДОИШ ва Ансоруллоҳ ном баранд. Масъулони ду созмон борҳо изҳороти мақомотро рад кардаанд.

Бобоҷон Қаюмов
Бобоҷон Қаюмов

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, изҳороти ахири сардори пулиси Душанберо “идомаи бадномкунӣ” донист. "Ҳизби наҳзати исломӣ 40 ҳазор узв дошт. Ҳукумат онҳоро ҳамчун гаравгон мепиндорад ва ҳар вақте хоҳад, фишор меораду боздошту зиндонӣ мекунад. Мисли хешовандони устод Нурӣ, ки на фаъолияти ҳизбӣ доштанду на гуноҳи дигаре," -- афзуд ӯ.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз нерӯҳои асосии мухолифи ҳукумат дар дохили кишвар буд. Мақомот соли 2015 ин ҳизбро ба ҳамдастӣ ба “ошӯб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим гунаҳкор дониста, террористӣ эълон карданд. Масъулини ҳизб ҳамеша даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардаанд.

“Мехоҳанд таваҷҷуҳи мардумро ба дигар тараф баранд”

Мавзӯи таҳдиди гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро баъди соли 2014 аз забони мақомоти тоҷик зиёд садо медиҳад. Нигаронии мақомот баъд аз он зиёд шуд, ки ҳазорҳо ҷавони тоҷик ба сафи ДОИШ пайваста, барои ҷанг ба Сурияву Ироқ рафтанд. Ҳарчанд созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо танқид карданд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм озодиҳоро дар кишвар маҳдуд мекунад, мақомот ҳамвора чунин назарҳоро рад кардаанд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, ба ин назар аст, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ кӯшиш мекунанд, таҳдиду хатарҳоро «зинда» нигоҳ доранд ва агар нест, эҷод кунанд. Зеро ба таъкиди Ҳакимов, «бо роҳи бузург нишон додани ин хатарҳо, мехоҳанд, таваҷҷуҳи мардумро аз мушкилоти иқтисодӣ ба тарафи дигар баранд.»

“Агар, воқеан, таҳдидҳо ҷой доранд, дар заминаи беҳтар кардани сатҳу зиндагии мардум, ҷорӣ кардани адолат ва риояи кафолатҳои асосҳои сохти конститутсионӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди равияҳои гуногуни сиёсӣ ва дуруст амалӣ намудани сиёсати кадрӣ, миллатро бояд муттаҳид кард. Миллат бояд муттаҳид шуда, бар зидди ин гуна ҳолатҳо муқовимат кунанд, агар воқеан ҷой дошта бошанд,” -- хулоса кард Ҳакимов.

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ин дам тақрибан бист созмонро террористиву ифротгаро ва мамнуъ донистааст, ки аз "Ал-Қоида"-ву “Толибон”, “Ҷамоати Таблиғ” то Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷаро дар бар мегирад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарорро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG