Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кор нест, кумак нест". Ҳукме, ки зиндагии даҳҳо касро дар Тоҷикистон дигар кард. ВИДЕО


Панҷ сол пеш зиндагии даҳҳо оила дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа дигар шуд. Рӯзи 2-юми июни соли 2016 чордаҳ узви раёсати Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ барои муддатҳои зиёд ва ду тани онҳо ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Дар ин миён Зарафо Раҳмонӣ, яке аз маҳкумшудаҳо, моҳи сентябри соли 2016 озод гардид.

Наздикони аъзои зиндонии раёсати ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзат мегӯянд, панҷ сол боз ҷойи кору даромад надоранд ва аз дарёфти кумакҳо низ маҳруманду ба сахтӣ бори зиндагиро мекашанд. Мақомот дар гузашта гуфта буданд, ки бо ҳама сокинон муносибати яксон доранд.

"Гуфтанд, ту ҳақ надоштӣ, ҳукмро фиристӣ"

Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, узви зиндонии раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, бо ду фарзандаш танҳо зиндагӣ мекунад. Писари бузургаш дар хориҷа аст. Бо вуҷуди фишорҳо, хонавода барои исботи бегуноҳӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи марди зиндонии хонавода талош дорад ва ҳамзамон бо рӯзгори сахт дастбагиребон аст.

Савринисо Ҷӯрабекова
Савринисо Ҷӯрабекова

Ӯ мегӯяд, дар рӯзҳои аввали содир шудани ҳукми Маҳмадалӣ Ҳаит писари калониаш аз сӯйи афроди номаълум таъқиб шуд. Баъдан мақомот худи ӯро бо писараш ба пурсиш даъват карданд: "Ҳукми шавҳарам дар дасти ман буд. Ба он тараф равон кардам, то бегуноҳии шавҳарам тасдиқ шавад. Гуфтанд, ки ту ҳақ надоштӣ, он чизро равон кунӣ."

Хонум Ҷӯрабекова бо шавҳараш дар як сол ду дафъа, ҳар бор барои муддати 2 соат, дидорбинӣ мекунад: "Дар се моҳ як бор ғизо мебарем. Хоҳаронаш навбат кардаанд ва ҳар моҳ 500 сомонӣ месупоранд. Аз ҳамон ҳисоб ҳар ҳафта аз мағоза барои мо маҳсулот меоранд, ҳар чизе, ки даркор аст."

Ҳоло Савринисо Ҷӯрабекова хонашин аст ва баъзан аз ҳамсояҳо фармоиши пухтупаз қабул мекунад ва аз он кораш музде пайдо мекунад. Аммо мегӯяд, асосан пешбурди рӯзгорашон аз кумакҳои пайвандони шавҳараш аст, ки ӯву фарзандонашро дар ин шароити мушкил танҳо нагузоштанд.

"Духтари хоину террорист гуфту аз ман ҷудо шуд"

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви дигари зиндонии раёсати ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст. Мегӯяд, пас аз зиндонӣ шудани падар, шавҳараш бо баҳонаи ду фарзанди маъюб доштан, аз ӯ ҷудо шуд.

Нилуфар Раҷабова
Нилуфар Раҷабова

"Вақте шавҳарам меомад, дар пушти дар маро зада буданд. Ҷанҷоли калон шуда буд. Духтари хоину террорист гуфта, аз ман ҷудо шуд", -- нақл кард ӯ. Ҳоло бо 3 фарзанд, аз ҷумла ду кӯдаки маъюб, дар хонаи волидон зиндагӣ мекунад.

Валамат Иброҳимзода, модари Нилуфар, мегӯяд, бо ду духтари аз шавҳар ҷудошуда ва набераҳояш зиндагӣ мекунад. Духтаронаш кор ёфта наметавонанд. Иброҳимзода гуфт: "Чанд сомоние, ки дарёфт мекунем, намедонем ба кӯдакони бемор харҷ кунем ё барои шавҳарам хӯроку дору барем. Соли гузашта шавҳарам бемории коронавирус шуд. Ҳолаш бад буд. Ҳамаи ёфтаи худро ба духтур мебурдем. Ба шифохонаи зиндон."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Наздикони аъзои зиндонии ҲНИТ дар Тоҷикистон чӣ вазъ доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:43 0:00

Ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб мегӯяд, пас аз зиндонӣ шудани шавҳараш, муносибати ҷомеа ба онҳо тағйир ёфт, ҳатто хешу табор равуоро бо онҳо бас карданд: "Як набераам дар синфи панҷум мехонад. Як ҳамсинфаш чанд вақт ғам медод, гапҳои ноҷо мегуфт. Дашном медод ва набераи хоин мегуфт. То занозанӣ ҳам омада буд. Рафта, ҳамроҳи модараш гап задем, баъд вазъ беҳтар шуд."

Фароғат Сангинова, хонуми Ҳикматулло Сайфуллозода, узви дигари зиндонии раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, шиква дорад, ки шавҳараш дар зиндон бемор аст, ҳама аз ӯву фарзандаш рӯй гардонидаанд.

"Дили касе ба мо намесӯзад, ҳамаи бародаронаш ба маишату худашон овора. Ҳеч кас моро фикр намекардааст. Акнун фаҳмидам. Онҳое, ки ба Аврупо рафтаанд, ба маишати худашон овора, то занҳои сеюмашонро бурдаанд, зиндагӣ карда истодаанд. Лекин мо бечораҳоро кӣ нигоҳ мекунад? Шавҳарҳоямон дар зиндон маҳкам", -- мегӯяд ӯ.

Нигоҳ аз берун

Зиндонӣ шудани 14 узви раёсаташ ва созмони тундраву террористӣ эълон шудани ҳизб сабаби қатъи фаъолияти он дар Тоҷикистон ва фирори даҳҳо узви он ба Аврупо шуд. Мақомот кумак кардани онҳо ба хонаводаи зиндониёнро низ манъ карданд. Коршиносон ҳамаи инро як зарбаи фарогир мешуморанд.

Стив Свердлов
Стив Свердлов
Стив Свердлов, вакили мудофеъ ва устоди ҳуқуқи башар дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, мегӯяд: "Теъдоде зиндонӣ шуданд, теъдоде ба хориҷи кишвар фирор карданд. Наздиконашон, зану фарзандони зиндонишудаҳо, ки дар Тоҷикистон монданд, зери таъқибу фишор қарор гирифтанд. Мо мавридҳои муҷозоти дастҷамъонаро мушоҳида кардем. Зери фишори мақомот қарор гирифтанд. Теъдоде аз наздикони худ даст кашиданд. Дигар мавридҳои фишорҳо буд. Дар хориҷа низ ҳолатҳои кӯшиши боздошти аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд. Дар ин робита истифодаи Интерполро мушоҳида кардем."

Сабабро мақомоти Тоҷикистон тавре шарҳ медиҳанд, ки гуё ин ҳизб дар ошӯби нофарҷоми 4-уми сентябри соли 2015 даст дорад. Дар ин ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, даҳҳо нафар кушта шуданд.

Раҳбарони ҳизб, ки дар хориҷ барои бунёди як эътилофи мухолифон талош мекунанд, даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад мекунанд ва онро баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани худ меноманд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG