Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери тоҷик иддао кард, ки мақомот шарти озодии модарашро ба ӯ гуфтаанд. ВИДЕО


Шоҳида Маҳмадҷонова ва писараш Шерзод Маҳмадҷонов
Шоҳида Маҳмадҷонова ва писараш Шерзод Маҳмадҷонов

Пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, гуфтанд, ки бо гузашти як моҳ аз боздошташ, ӯро надидаанд. Эътилофи зидди шиканҷа хабар дод, ки вакили мудофеъ чанд дафъа бо ӯ вохӯрд. Мақомот ба таври расмӣ чизе намегӯянд.

Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 3-юми феврали имсол дастгир шуд ва ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" гумонбар медонанд. Наздиконаш ва масъулони "Гуруҳи 24" дар хориҷа ин иттиҳомро рад карданд.

Вакили мудофеъ гуфтааст, "шикоят накард"

Идимо Маҳмадҷонова, сокини шаҳри Душанбе
Идимо Маҳмадҷонова, сокини шаҳри Душанбе

Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова, 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯз барои духтараш ба Боздоштҳои муваққатӣ хӯрок мебарад, вале бо вуҷуди ваъдаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳанӯз ӯро надидааст.

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ мегӯяд, бо дархости модараш барои ҳимоят аз ҳуқуқи Шоҳида Маҳмадҷонова вакили мудофеъ гирифтанд. Наҷиба Ширинбекова, як масъули Эътилоф, 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, адвокати онҳо дар як моҳ чанд бор бо Шоҳида мулоқот дошт ва "ӯ аз вазъи худ ягон шикоят накардааст."

Як манбаи огоҳ аз тафтишот мегӯяд, далели асосии муфаттишон алайҳи Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-сола як саҳифаи фейсбукӣ аст, ки гуё дар он маводи марбут ба "Гуруҳи 24" таблиғ шудааст. Вале наздикони Шоҳида гуфтанд, телефони ӯ чанд моҳ дар дасти кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат буд ва имкон дошт каси дигаре аз он истифода карда бошад.

Ба блогери тоҷик чӣ гуфтанд?

Иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти ӯро ба танқидҳои писараш, блогер Шерзод Маҳмадҷонов ё "Абдураҳмон 09", вобаста донистанд, ки борҳо амалкарди мақомотро дар масъалаи сатру ҳиҷоб танқид кардааст. Мақомот инро рад мекунанд. Худи Шерзод Маҳмадҷонов иддао дорад, ки афроди наздик ба ҳукумат шартҳои озодии модарашро гуфтанд ва ҳама чиз ба ӯ рабт мегирад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Парвандаи модари блогери тоҷик то куҷо расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

"Пас аз боздошти модарам ба ман чанд шарт пешниҳод карданд. Гуфтанд, ягона касе, ки модаратро наҷот дода метавонад, худи ту ҳастӣ. Барои ин, бояд ба Тоҷикистон баргардам. Дуюм, бояд аз ҳукумат узр пурсам. Ин шартҳо аз тарафи мақомдорон буданд, ки тавассути саҳифаҳои фейкӣ дар Фейсбук ва Ютуб ба ман пешниҳод шуд," --афзуд Шерзод Маҳмадҷонов.

Тасдиқи дурустии гуфтаҳои Маҳмадҷонов мушкил аст. Мақомот ҳам дар ин бора шарҳе намедиҳанд. Вале боздошти модари ӯ ин танқидро дубора вирди забонҳо кард, ки мақомоти тоҷик аз хонаводаҳои мухолифон ё норозиён ба ҳайси абзори фишор истифода мекунанд. Назаре, ки мақомот онро ҳамеша рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG