Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Духтарам дар куҷост?" Модараш Шоҳида Маҳмадҷоноваро меҷӯяд, мақомот шарҳ намедиҳанд. ВИДЕО


Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонов

Пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер "Абдураҳмон09", рӯзи 7-уми феврал бо фиристода нома ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен хостаанд, макони нигоҳдории ӯро ошкор кунанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 3-юми феврал ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат даъват шуда, то ҳол бедарак аст. Мақомот аз пешниҳоди ҳамагуна шарҳ дар бораи сарнавишти ин зан худдорӣ мекунанд.

"Ба зангҳои мо ҷавоб надоданд"

Идимо Маҳмадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, панҷ рӯз боз духтарашро меҷӯяд. Бори охир, рӯзи 3-юми феврал, бо ҳам суҳбат доштаанд. "Гуфта буд, ки телефонашро аз идораи пулиси шаҳри Ваҳдат гирифта, ба хона меояд, аммо ин кор сурат нагирифт," -- нақл кард зан. Наздикон ба ҷустуҷӯи Шоҳида Маҳмадҷонова ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат рафтанд, вале ному нишоне аз ӯ наёфтанд.

"Домодам гуфт, ки ду моҳ пеш телефони Шоҳидаро як корманди милиса бо номи Парвиз гирифтааст. Ба назди ӯ рафтем. Вай гуфт, ки ба кори дигар гузаштааст. Рақами як корманди дигарро доданд. Ӯ бори аввал ба занги мо ҷавоб дода, гуфт, баъди 20 дақиқа вазъиятро дақиқ мекунад. Дигар ба зангҳои мо ҷавоб надод,"--афзуд Идимо Маҳмадҷонова.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Модари блогери тоҷик дар куҷост? Мақомот шарҳ намедиҳанд, пайвандон нигаронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Мақомот, аз ҷумла масъулони Вазорати корҳои дохилӣ, дар бораи тақдири Шоҳида Маҳмадҷонова ягон шарҳ намедиҳанд. Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари мақомот то ин дам бенатиҷа буд.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, кормандони пулис танҳо то 72 соат ҳақ доранд, шахсро дар боздошт нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод гардад. Наздикони Маҳмадҷонова хабарҳои зидду нақизе дарёфт кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Душанбе аст. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд. Пайвандонаш гуфтанд, талош доранд, бо ёрии вакили мудофеъ макони нигоҳдории Шоҳида Маҳмадҷоноваро маълум кунанд.

Боздошти модар барои танқидҳои писар?

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон аст. Ин блогер борҳо аз амалкарди мақомот дар бораи сатру ҳиҷоб танқид мекунанд. Шерзод Маҳмадҷонов бовар дорад, модарашро барои баромадҳои ӯ дастгир кардаанд. Мақомот ба ҳарфҳои ин блогер то ҳол вокуниш накардаанд.

Шерзод Маҳмадҷонов ё "Абдураҳмон 09" мегӯяд, солҳои гузашта низ модарашро борҳо ба идораи пулис даъват карда, талаб мекарданд, ки фарзандаш ба ватан баргардад.

"Моҳҳои гузашта ин даъватҳо фарқ дошт. Пештар мегуфтанд, ки фарзанди шумо як шанс дорад, ки биёяд ва ҷаноби олӣ ӯро мебахшад. Вақте ҳама планҳои онҳо кор накард, аз таҷрибаи Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Чин ва Чеченистон истифода карданд. Дар ин давлатҳо хешу таборро медузданд, бо умеде, ки фарзандашон, ҷияншон, хешу таборашон фаъолиятҳои худро кам ё қатъ кунаед," -- афзуд блогер.

Шикояти Шерзод Маҳмадҷонов аз фишор болои хонаводааш пештар ҳам садо дода буд. Аз ҷумла, ӯ соли 2020 гуфта буд, модарашро ба хотири баромадҳои ӯ аз кор дар бемористони шаҳри Ваҳдат озод карданд. Аммо масъулини беморхона он вақт гуфта буданд, Шоҳида Маҳмадҷонова бо хоҳиши худаш аз кор рафт.

"Вай чӣ гуноҳ дорад?"

Далели ба хона ҷавоб надодани Шоҳида Маҳмадҷонова ҳар чизе, ки бошад барои модари ӯ ҳоло муҳим нест. Идимо Маҳмадҷонова мехоҳад, макони духтараш ва чӣ ҳол доштани ӯро фаҳмад.

Ин зан рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мақомот танҳо мехоҳад, ки дар куҷо будани духтарашро ошкор кунанд. "Вай чӣ гуноҳ дорад? Тарафдори бачаш ҳам нест барои мисол. Тарафдори тинҷию амонӣ аст." Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, борҳо мақомотро барои азияту озори наздикони мухолифин дар дохили кишвар интиқод мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора ин гуна танқидҳоро рад кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (29)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG