Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари блогери тоҷик дар куҷост? Мақомот шарҳ намедиҳанд, пайвандон нигаронанд


Шоҳида Маҳмадҷонова бо писараш Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов
Шоҳида Маҳмадҷонова бо писараш Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов

Пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон, иддао доранд, ки кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат як рӯз пеш ӯро даъват карда, дигар раҳо накардаанд. Мақомоти интизомӣ аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд. Масъулони Додгоҳи шаҳри Ваҳдат гуфтанд, қарори боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро содир накардаанд.

"Барои гирифтани телефон рафт ва дигар барнагашт"

Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, блогери тоҷик, дар Олмон зиндагӣ мекунад ва борҳо аз амалкарди мақомот дар мавриди сатру ҳиҷоб танқид кардааст. Ӯ рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи гузашта ду дафъа модарашро ба бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Ваҳдат даъват карданд.

Ба иддаои Маҳмадҷонов, мақомот аз модари ӯ талаб кардаанд, ки аз писараш бихоҳад, то ба Тоҷикистон баргардад ва ӯро афв мекунанд. Назари мақомот дар ин бора маълум нест. Маҳмадҷонов мегӯяд, худро ҷинояткор намеҳисобад.

“Се ҳафта пеш кормандони ШКД-и шаҳри Ваҳдат телефони модарамро гирифтаанд. Рӯзи 2-юми феврал занг задаанд, ки “фардо омада телефонатонро гиред”. Дирӯз модарам барои гирифтани телефон рафт ва дигар барнагашт. Аз байн 30 соат гузашт, аммо дар бораи модарам ягон хабар надорем. Падарам ба ШКД-и Ваҳдат рафт, дар онҷо гуфтанд, ки ҳамсари Шумо инҷо нест,”-гуфт Шерзод Маҳмадҷонов.

"На тасдиқ мекунанд, на рад"

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Масъулони дафтари матбуотии ВКД ба зангҳои мо посух надоданд. Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, телефонӣ маълумот намедиҳанд.

Масъулини Додгоҳи шаҳри Ваҳдат мегӯянд, қарори боздошти шахсеро бо номи Шоҳида Маҳмадҷонова содир накардаанд.

Идимо Мамадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки ба гуфтаи худаш аз субҳи 4-уми феврал дар назди ШКД-и шаҳри Ваҳдат аст, мегӯяд, мақомот боздошти духтарашро рад ё тасдиқ намекунанд. “Намегӯянд, ки ҳаминҷо ҳаст ё нест, девона шудем,” -- гуфт Идимо Мамадҷонова.

Наздиконаш мегӯянд, бори аввал нест, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ба хотири суханрониҳои писараш зери фишор қарор мегирад. Аввали соли 2020 Шоҳида Маҳмадҷонова ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ба хотири танқидҳои писараш ӯро аз кор дар бемористони шаҳри Ваҳдат ронданд. Масъулони бемористон он вақт гуфта буданд, ки ӯ бо хоҳиши худ ариза навишт.

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Модар мегӯяд, ӯро барои писараш аз кор ронданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Қазияи аввалин нест

Шерзод Маҳмадҷонов бо наворҳои интиқодиаш дар мавриди сатру ҳиҷоб ва танқиди мансабдорони тоҷик дар Ютюб машҳур аст. Ин блогери ҷавон ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб баҳс карда, сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад.

Соли гузашта номи Шерзод Маҳмадҷонов дар пайванд ба як занозанӣ дар Олмон расонаӣ шуда буд.

Маҳмадҷонов бовар дорад, ки раҳо накардани модараш ба хотири фишор ба ӯст, то аз танқидҳояш даст кашад. Мақомот дар гузашта ҳамвора чунин иддаоро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG