Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нуриро дастгир кардаанд. Наздиконаш нигаронанд, мақомот шарҳ намедиҳанд


Нусратулло Саидов

Пайвандонаш гуфтанд, Нусратулло Саидов – бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини ҲНИТ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин – бо гумони "дарёфти ёрӣ аз хориҷа" дастгир шудааст. Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд. Саидов чаҳор сол пеш ба муддати кӯтоҳе боздошт ва сипас раҳо шуда буд.

"Пурсидаанд, ки маблағи кумак ба маъюбонро аз куҷо ёфтанд"

Нурмаҳмад Саидов, бародари Нусратулло Саидов, рӯзи 26-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро маъмурони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон боздошт кардаанд. "Ду рӯз боз нишон намедиҳанд ва дар бораи сарнавишташ ҳеч хабар надорем. Мунтазирем, то иҷозаи мулоқот бидиҳанд ва сипас тасмим гирем, ки вакили мудофеъ киро кунем ё не," – афзуд ӯ.

Ба нақли Нурмаҳмад Саидов, боздошти бародараш пас аз расондани ёрӣ ба хонаводаи маъюбон дар ноҳияи Вахш сурат гирифтааст. Саидов раиси хоҷагии деҳқонии "Истиқлол" аст.

"Чаҳор корманди хоҷагиро низ бозпурсӣ кардаанд, ки маблағи кумак ба маъюбонро аз куҷо ёфтанд. Оё ин пулҳо аз хориҷи Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст ё не? Чаҳор нафар рӯзи 25-уми январ, баъди пурсиш, озод шудаанд," – гуфт Нурмаҳмад Саидов.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон то ҳанӯз сабаби боздошти Нусратулло Саидовро шарҳ надодаанд. Талошҳо барои тамос бо масъулони раёсат то ин дам бенатиҷа буд.

Чаҳор сол пас аз қазияи парчам

Нусратулло Саидов 48-сола, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва раиси хоҷагии деҳқонии "Истиқлол" аст. Вай моҳи феврали соли 2018, баъди насб шудани парчами сиёҳ дар бинои хоҷагиаш, дастгир шуда буд. Саидовро пас аз муддати кӯтоҳе ҷавоб доданд, вале баъдан дар наворҳое, ки ба иддаои мухолифон сохтаи ҳукумат аст, пайдо шуд ва мунтақидони ҳукуматро дар хориҷа накӯҳиш кард.

Додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир чанд нафарро бо гуноҳи дарёфти кумак аз мухолифони тоҷик дар хориҷа ба зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Он замон наздикони зиндониҳо дар хориҷа фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад накарданд, вале гуфта буданд, он ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд. Чун ба иддаои онҳо, оилаҳояшон ба сабаби бекорӣ ва мусодираи бахше аз амволашон ба ёрӣ эҳтиёҷ пайдо кардаанд.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ
Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Соли 2015, пас аз мамнуъ шудани фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон, садҳо аъзову тарафдоронаш дар Аврупо ва кишварҳои дигар паноҳанда шуданд. Баъзе аз пайвандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ аз он замон то ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд. Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар даргириҳои дохилии солҳои 1992-97 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буд. Пас аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997, Кумисюни оштии миллиро то соли 1999 раҳбарӣ мекард. Соли 2006 дар 59-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG