Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ. Рӯзи ваҳдат ё ҳангомаи қудрат?


Зеварбону Рауфӣ

Дуруд ҳаммеҳани азизам!

Мехоҳам бидонам ту низ ба ин масъала таваҷҷуҳ кардаӣ, ки сафи иду ҷашнҳо дар кишвар рӯз аз рӯз тулонитару тулонитар мешавад? Ва ҷашнҳое мисли иди сабзиву картошка, каламу шалғаму намедонам кадом сабзиҷоти дигар, ки бештар боиси тамасхуру шӯхии мардум мешаванд то шодию фараҳ, муҷиби беарзишу дарунхолӣ гаштани калимаҳои иду ҷашн шудааст!?

Шояд ҳоло бо худат бигӯӣ, аслан чаро чунин мавзӯи пеши по уфтодаву камаҳмият диққатамро ба худаш ҷалб карда? Чун мувофиқ нестам, ки ин масъалае беарзиш ё камарзиш бошад!

Махсусан идҳое ҳастанд, ки порае аз торихи миллатанд ва набояд ба хотири мудирияти иштибоҳи имрӯзии кишвар, ки ба ҳар чизу ҳар мавзӯи пуче рӯзеро ихтисос медиҳанду ид эълом мекунанд, нодида гирифта шаванд ё моҳияти аслияшон таҳриф карда шавад.

Масалан, яке аз идҳои муҳим, ки бахше инкорнашаванда аз торихи кишварамон пас аз солҳои 90 мебошад, рӯзи ваҳдати миллӣ аст.
Рӯзи 27 июни соли 1997 пас аз 8 давра гуфтушунид байни тарафҳои даргир дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, яъне ҳукумати вақт бо намояндагии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон (он ҳангом Раҳмонов) ва иттиҳоди мухолифон бо намояндагии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ санади ниҳоии “Созишномаи умумии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” дар Маскав ба имзо расид.

Акнун бо гузашти 24 сол, рӯзи “ваҳдати миллӣ” он моҳияти нахустини худро надорад чун ҳукумат ва мубаллиғони он мекӯшанд ба он бештар мазмуне намодин аз сулҳу оромиш ва иттиҳоди миллат бидиҳанд, дар ҳоле, ки ин рӯз як иттифоқи торихӣ ва дорои заминаҳои сиёсӣ аст! Худи мафҳуми “ваҳдати миллӣ” дар илми сиёсатшиносӣ баҳамойии ҳукумат ва аҳзоби мухолиф дар шароити буҳроние амсоли ҷанг, мушкилоти иқтисодӣ ё барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии кишварро гӯянд. Бо ин ҳисоб агар ба амалкарди имрӯзии ҳукумат бингарем, бо вазъияте бисёр масхара ва хандаовар рӯ ба рӯ мешавем. Талоши ҳукумат барои маҳв кардани ҳар гуна ҳузури мухолифон ва нақши онҳо дар сулҳу ваҳдати миллӣ, мисли пинҳон кардани офтоб бо бари доман дар як рӯзи гарми тобистонист.

Дигар пас аз гузашти ду даҳа аз рухдодҳои солҳои 90 ҳукумат дар пайи таҳрифи торих аст. Торихе, ки ҳанӯз шоҳидони он зиндаанд, вале шояд ҳоло барои амнияти худу азизонашон сукуту хомӯширо бартар медонанд.
Хеле дилам мехост битавонам ту, ҳаммеҳани азизамро бо чунин иди муҳим табрик кунам. Самимона дастатро бифишорам ва аз ин, ки ҳамватанонам ҳамеша омодаанд дар лаҳзаҳои ҳассос ихтилофҳояшонро, манфиатҳои фардӣ ва гурӯҳияшонро канор бигзоранд ва барои ояндаи накӯи кишварам бо ҳам ваҳдат кунанд, ибрози хурсандӣ намоям, аммо...

Дар Тоҷикистоне яккаҳизбӣ, ки ҳар гуна ҳизб ё гурӯҳу ҳаракати мухолиф дар он саркуб мешавад. Озодии баён ва фаъолияти расонаҳои мустақил бо баҳонаҳои мухталиф маҳдуд ва манъ карда мешавад. Ҳеч кас ҳам наметавонад тазмин кунад, ки тақдири расонаҳои андаке, ки дар кишвар мондаанд, мисли “Рӯзи нав”, “Неруи сухан”, “Одаму олам”, “Пайкон”, “Нигоҳ” ва “Озодагон” нахоҳад шуд. Вақте ҳар шахси дигарандеш таъқиб ва таҳти фишор гирифта мешавад чӣ тавр метавон аз ваҳдати миллӣ гуфт?

Вақте ба хотири фаъолияти рӯзноманигорӣ Далер Шарипов зиндонӣ мешавад ва ё барои ибрози назар чандин тан ҷавонони фаъоли тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия нопадид мешаванду чанд рӯз баъд сар аз боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар меоваранд, вақте дар ҷомеъа ихтилофоти табақотӣ рӯз аз рӯз дар ҳоли афзудан аст, оё мешавад сухан аз ваҳдати миллӣ гуфт?

Агар фаъолияти баъзе ҳизбу ҳаракатҳо мисли “Ҳизби наҳзати исломӣ” ё “Гурӯҳи 24” ба баҳонаи терористӣ, экстеримистӣ ё сабабҳои дигар манъ шудаанд, чаро ҳар ҳизби дигаре, ки рӯ ба рӯи ҳизби ҳоким қарор мегирад ё имкони ба даст овардани маҳбубият байни мардумро дорад, бо роҳу равишҳои гуногун аз саҳнаи сиёсии кишвар ронда мешавад? Ин, ки Зайд Саидов пас аз талошҳояш барои ташкили ҳизбе нав дар кишвар ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Ё пас аз истеъфои мармузи Раҳматтуло Зоиров аз раёсати ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ояндаи минбаъдаи ин ҳизб, ки чанд соли охир ҳамчун ягона ҳизби мухолиф ҳисобида мешуд, билотаклиф мондааст, нишонаҳои аз озодӣ, ваҳдат ва ҳуқуқмеҳвар будани мамлакат аст?

Оё ба назари ту ваҳдат корест якнафара? Иттиҳоди як нафар бо худи худаш ва ё зердастону ҳамақидаҳояш? Ин ки ҳар бор дар гирдиҳамойиҳои ҷашни ваҳдати миллӣ раисҷумҳури кишвар рӯи калимаҳои таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва осоиштагӣ таъкиди акид мекунад, метавонад як бозӣ бошад? Оё самимияте дар оҳанги ин суханҳоро ҳеч эҳсос кардаӣ? Фақат шиори холӣ нест?
Воқеан барои ман ҷои суол аст. Ту чӣ фикр мекунӣ? Барои ту суолбарангез нест? Ин, ки қисми зиёде аз мухолифони сиёсии кишвар дар зиндон ба сар мебаранд. Ё хонаводаҳои бегуноҳи онҳо ба хотири дидгоҳи сиёсии узве аз хонаводаашон таҳти фишори мақомоти қудратӣ ва амниятӣ қарор мегиранд. Фақат кофист ҷустуҷӯи кучак дар расонаҳои интернетӣ дошта бошӣ, то рӯйхате баланду боло аз хонаводаҳои зери фишор ва афроди зиндонӣ ба даст оварӣ. Ба назарат ноодилона нест ва хилофи ваҳдат нест, ки кучактарин ибрози назар, агар бидуни мадҳу сано хондан ба раиси ҳукумати вақт сурат пазирад, боиси эҷоди дарди сарҳои фаровон барои шахси назардиҳанда мешавад? Барои ту аҷиб нест, ки чаро дар кишвари мо ҳомиёни ҳуқуқ танҳо ба хотири иҷрои вазифаашон зиндонӣ мешаванд? Ҳанӯз ҳам Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва чанд тани дигар пушти милаҳои зиндон ҳастанд. Қазияи зиндонӣ шудани Шуҳрат Қудратов низ аз ёдҳо фамромӯш нашудааст. Тақдири Иззат Амон, ки яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохта байни муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, низ то ба ҳол норушану оқибате мушаххасе наёфта. Барои кишвар ё ҳукумате, ки дам аз қонунмандӣ ва ҳуқуқҳои инсон ҳамчун пояҳои ваҳдату сулҳ мезанад чунин иттифоқоте маъмулӣ ва табиӣ ҳастанд?

Ин, ки ҳар касе, албатта, манзурам ин ҳама ба ном тарафдорони ҳукумат, ба худаш ин иҷозаву ҳақро медиҳад, ки дигарандешеро хоин, душман, ватанфурӯш ё ҳар чизи дигаре муаррифӣ кунаду ин амалаш ҳеч пайгарди қонуние надошта бошад, бароят қобили қабул аст?

Оё ман иштибоҳ мекунам, ки ҳеч таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу осоиштагиеро дар чунин вазъияте намебинам? Ман имрӯз ба чизҳое аз ин қабил фикр мекунам. Ту ба чӣ меандешӣ?

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG