Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқро ба 5 сол зиндон маҳкум кардаанд


Асрориддин Розиқов

Пайвандони Асрориддин Розиқов гуфтанд, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст. Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст.

Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, мурофиа пӯшида гузашт ва дар бораи он шарҳу ҷузъиёт намедиҳанд. Резагул Розиқова, модари Асрориддин, рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми эълони ҳукм онҳоро низ ба толори додгоҳ иҷозаи вуруд надоданд.

Резагул Розиқова. Акс аз бойгонӣ
Резагул Розиқова. Акс аз бойгонӣ

Вай гуфт, "ба мо фаҳмонданд, ки ӯ ҳукм гирифт, вале писарамро беасос зиндонӣ карданд. Мо адвокат надоштем. Ба толор даромадан намонданд. Дар бораи он ки вакили медофеи давлатӣ дошт ё не, чизе намедонам."

Як манбаи огоҳ аз қазия мегӯяд, ҳукм рӯзи 18-уми декабр эълон шуд. Мусоҳиби мо афзуд, дар баробари Асрориддин Розиқов дар курсии айбдорӣ ду нафари дигар нишаста буданд ва онҳо 6-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, аммо ному насаби онҳоро ошкор накард.

Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Асрориддин Розиқов "бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст", муттаҳам аст.

Наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо аз замони боздошт то эълони ҳукм ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол дар филми, ба гуфтаи мақомот, мустанади "Хиёнат" зоҳир шудааст.

Дар ҳоле ки мақомот дар ин филм аз сармоягузории терроризм суҳбат мекарданд, Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин гуфта буд, "маълум аст, вай таҳти фишор ҳарф мезанад. Гап дар бораи маблағе меравад, ки наздикони маҳбусон дар Аврупо ҳар моҳ ҷамъ оварда, ба хонаводаи онҳо фиристодаанд. Онҳо муҳтоҷ ҳастанд."

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch рӯзи 10 июли соли равон аз Тоҷикистон хост, "Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад" ва "дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад". Мақомот ба ин дархост посух надодаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Асрориддин Розиқов дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе ба тиҷорати либосҳои кӯдакона машғул буд. Онҳо бовар доранд, "ҳеч сабабе барои боздошту маҳкум карданаш вуҷуд надошт, магар ин ки бо мақсади фишор ба Зубайдуллоҳи Розиқ, ки ба гуфтаи онҳо, аз додани изҳороти телевизионӣ зидди раҳбарони ҳизб худдорӣ кардааст". Зубайдуллоҳи Розиқи 76-сола дар соли 2016 ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG