Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздиконашон мегӯянд, мақомот ду узви собиқи ҲНИТ-ро боздошт кардаанд


Исломиддини Файзалӣ ва Ҷалолиддини Маҳмуд. Акс аз бойгонӣ

Наздикони ду узви пешини раёсати ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) мегӯянд, аз сарнавишти Ҷалолиддин Маҳмудов ва Исломиддин Файзалӣ нигаронанд. Ба гуфтаи онҳо, яке чаҳор рӯз ва дувумӣ як ҳафта пеш боздошт шуда, то ҳол нисбаташон айб эълон нашудааст ва вакили мудофеъ надоранд.

Сайфиддин Ҷалолиддинзода, писари Ҷалолиддин Маҳмудов, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш рӯзи 3-юми август ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) даъват шуда, аз он вақт инҷониб барнагаштааст. Ин дар ҳолест, ки Маҳмудов моҳи апрели соли гузашта пас аз поёни муҳлати чаҳорсолаи ҳабс аз зиндон баромад ва мақомоти КДАМ сабаби акнун дастгир шуданашро шарҳ надодаанд.

"Ман барои падарам ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хӯрок мебарам. Фақат ҳаминро медонам, ки ӯ дар он ҷост", -- гуфт Сайфиддин Ҷалолиддинзода.

Ба фарқ аз ӯ, наздикони узви дигари собиқи ҲНИ Исломиддини Файзалӣ мегӯянд, дар куҷо будани ӯро намедонанд. Саидисҳоқ Бобоев, яке аз пайвандони Файзалӣ, гуфт, мақомоти интизомӣ ӯро дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи ҳамсараш боздошт карданд ва баъд аз як рӯз ҳамсарашро ҷавоб доданд. "Вале аз як ҳафта зиёд шуд,аз он кас хабаре надорем," – афзуд Саидисҳоқ Бобоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҷалолиддин Маҳмудов соли 2015, дар остонаи интихоботи порлумонӣ ва дар ҳоле ки намояндаи ҲНИТ дар Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон буд, дастгир ва бо гуноҳи нигоҳдории силоҳ панҷ сол зиндонӣ шуд. Дар соли 2019, пас аз чаҳор соли зиндон, тибқи қонуни афв озод гашт. Исломиддини Файзалӣ солҳои охир дар Душанбе мезист. Ҳарду гуфтаанд, ки ба ягон фаъолияти ҳизбӣ шарик нестанд.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ним сол беш аз дусад узви созмонҳои террористиву ифротгаро, аз ҷумла се узви ҲНИТ-ро дастгир кардаанд.

Дар бораи узви сеюм иттилои дақиқ дар даст нест, вале тарафдорони ин ҳизб ҳамчунин аз боздошт шудани Асрориддин Розиқови 38-сола, писари узви собиқи раёсати ҳизби манъшуда Зубайдуллоҳи Розиқ хабар додаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди Асрориддин гуфтааст, ки "бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст, боздошт шудааст".

Наздикони Асрориддин ҳам тасдиқ мекунанд, ки нисбат ба ӯ айб эълон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Созмони дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, "Асрориддин Розиқов фавран озод карда шавад" ва дар заминаи боздошти "худсарона таҳқиқот анҷом шуда, масъулон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд".

Ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кард. Бархе аз аъзои он дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад кардаанд ва онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номидаанд.

Ин ҳизб дар соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро ва террористӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG