Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 6 моҳ то 5,5 сол. Ҳукми панҷ хешованди Саид Абдуллоҳи Нурӣ. САДО


Муҳибулло Нуриддинов ва Нурулло Саидов
Муҳибулло Нуриддинов ва Нурулло Саидов

Дар Тоҷикистон панҷ хешованди Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва раиси Кумисюни оштии миллии собиқро ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кардаанд.

Бино ба ҳукми додгоҳ,

  • Нурулло Саидов (бародари Нурӣ) 5,5 сол;
  • Муҳибулло Нуриддинов (бародарзода) 5,5 сол;
  • Нусратулло Саидов (бародарзода) 5 сол;
  • Сайвалӣ Ризоев (қудо) ним сол;
  • Зуҳурбек Хоҷаев (қудо) ним сол зиндонӣ шудаанд.

Ҳукмро додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додгоҳи шаҳри Бохтар паси дарҳои баста эълон кардаанд. Мақомот дар робита ба қазияи панҷ нафар ва ҳукми онҳо изҳори назар накарданд. Пайвандонашон мегӯянд, онҳоро ба гирифтани "маблағҳои ғайриқонунӣ аз хориҷа" гунаҳкор карданд.

Салоҳиддин Саидов, писари Нурулло Саидов, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми падараш ва Муҳибулло Нуриддинов рӯзи 14-уми май содир шуд ва дар мурофиа модару хоҳаронаш ширкат доштанд. Аксарияти маҳкумшудагонро моҳи марти имсол ба гумони дарёфти маблағҳои, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ аз хориҷ дастгир карда буданд.

Саидов гуфт, чаҳор рӯз пеш аз ҳукми падараш Додгоҳи олӣ Нусратулло Саидов, бародарзодаи Нуриро дар мурофиае паси дарҳои баста дар шаҳри Бохтар ба муддати панҷ сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Вай мегӯяд, Нусратулло бо вакили мудофеи таъйинкардаи давлат таъмин буд ва ба ҷуз ӯ хешовандонашро то эълони ҳукм ва анҷоми мурофиа иҷозаи вуруд ба толори додгоҳ надодаанд. "Танҳо пас аз эълони ҳукм ва қабл аз фиристодан ба боздоштгоҳ имкон додаанд, ки бо ӯ мулоқот кунанд", -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳукми панҷ хешованди Саид Абдуллоҳи Нурӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00
Линки мустақим

Нурмаҳмад Саидов, бародари Нусратулло, қаблан замони боздошти бародараш гуфт, ӯро пас аз расондани ёрӣ ба хонаводаи маъюбон дар ноҳияи Вахш дастгир карданд.

"Чаҳор корманди хоҷагиро низ бозпурсӣ кардаанд, ки маблағи кумак ба маъюбонро аз куҷо ёфтанд. Оё ин пулҳо аз хориҷи Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст ё не? " – гуфта буд Нурмаҳмад Саидов. Абубакри Нурӣ, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, рӯзи 28-уми март аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “гирифтани пул аз хориҷа баҳона аст, дар асл, қазия дорои ангезаҳои сиёсист.”

“Бале, пайвандони Нурулло дар хориҷа ҳастанд ва ба хонавода ёрӣ мерасонанд. Ба мисли даҳҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар Русия ва кишварҳои дигар ин корро анҷом медиҳанд” - гуфта буд ӯ.

Наздикони мухолифон фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад намекунанд, вале мегӯянд, ин кор ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд. Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати даҳҳо намояндаи мухолифин, паноҳҷӯён ва ҷангҷӯёни тоҷикро дар хориҷа тартиб додааст, ки ҳар гуна додугирифт бо онҳо мамнуъ аст.

Додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир чанд нафарро бо гуноҳи дарёфти кумак аз мухолифони тоҷик дар хориҷа ба зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дона Набиев, сокини солманди ноҳияи Рӯдакӣ, низ бо гуноҳи дарёфти маблағ аз хориҷа ва кумак ба пайвандони аъзои зиндонии ҲНИТ ба зиндон маҳкум шуд. Дертар, баъди эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва бинобар беморӣ ӯро озод карданд.

XS
SM
MD
LG