Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар боздоштгоҳ нестанд." Пайвандони дастгиршудаи Нурӣ куҷо шуданд?


Нурулло Саидов, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ
Нурулло Саидов, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Пайвандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, мегӯянд, як моҳ боз аз тақдири ду хешовандашон дарак надоранд. Нурулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов моҳи марти имсол дастгир ва аз Бохтар ба Душанбе бурда шудаанд. Дар Боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии пойтахт будани онҳоро рад карданд. Дар Боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, бо ин ному насаб касеро намедонанд.

"Модарам хӯрок бурд, гуфтаанд, ки нестанд"

Салоҳиддин Саидов, писари Нурулло Саидови 64-сола, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба муроҷиатҳои пайдарпайи наздиконашон посух намедиҳанд.

"Вакили мудофеъ надоранд. Модарам барои падару амакам ба Боздоштгоҳи шаҳри Бохтар хӯрок мебурд. Рӯзи 23-юми март гуфтаанд, онҳоро ба Душанбе бурданд. Ба Боздоштгоҳи пойтахт рафтанд, вале наёфтанд," – гуфт ӯ.

Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми апрели имсол барои дарёфти посух дар бораи сарнавишти ин ду нафар ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нома фиристода буд. Рӯзи 20-уми апрел дар вазорат гуфтанд, "нома ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ фиристода шудааст".

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ (Идораи зиндонҳо) рӯзи 21-уми апрел гуфтанд, масъаларо аз масъулони Боздоштгоҳи Вазорати адлия бипурсем. Як намояндаи Боздоштгоҳ гуфт, чунин афродро намешиносанд.

Айни суол аз мақомоти корҳои дохилӣ ҳам пурсида шуд. Як корманди Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии пойтахт 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бо номи Нурулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов нафаре нест.

Боздоштҳои пайиҳам

Маъмурони милиса Муҳибулло Нуриддиновро 10-уми март ва Нурулло Саидовро 15-уми марти имсол дастгир карда, то ҳанӯз ба таври расмӣ нагуфтаанд, ки иттиҳоми зидди онҳо чист. Пайвандонашон мегӯянд, онҳо ба гирифтани "маблағ аз хориҷа" гумонбаранд.

Пеш аз ин, Нусратулло Саидов, раиси хоҷагии деҳқонии "Истиқлол" дар Бохтар ва бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бо ҳамин гумон боздошт шудааст. Наздиконаш қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир чанд нафарро бо гуноҳи дарёфти кумак аз мухолифони тоҷик дар хориҷа ба зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дона Набиев, сокини солманди ноҳияи Рӯдакӣ, низ бо гуноҳи дарёфти маблағ аз хориҷа ва кумак ба пайвандони аъзои зиндонии ҲНИТ ба зиндон маҳкум шуд. Дертар, зимни эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва бинобар бемор буданаш, ӯро озод карданд.

Наздикони мухолифон фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад намекунанд, вале мегӯянд, ин кор ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд. Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати даҳҳо намояндаи мухолифин, паноҳҷӯён ва ҷангҷӯёни тоҷикро дар хориҷа тартиб додааст, ки ҳар гуна додугирифт бо онҳо мамнуъ аст.

XS
SM
MD
LG