Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон озодии Нусратулло Саидовро талаб карданд


Нусратулло Саидов
Нусратулло Саидов

Як гуруҳ аз намояндагони мухолифини тоҷик дар гирдиҳамоие дар Олмон озодии Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинро тақозо карданд. Тазоҳурот 4-уми феврал дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин баргузор шуд.

Намояндагони сафорат ҳанӯз вокунише накардаанд. Эътирозгарон дар наворҳои видеоӣ гуфтанд, касе ба назди онҳо набаромад.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Нусратулло Саидов рӯзи 24-уми январи имсол дар Бохтар, маркази вилояти Хатлон, дастгир шудааст. Мақомот шарҳ надоданд.

Қаблан наздиконаш гуфта буданд, Нусратулло Саидов ба "дарёфти ёрӣ аз хориҷа" гумонбар аст. Абубакри Нурӣ, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, дар гирдиҳамоии Олмон гуфт, "ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст, вале ҳанӯз маълум нест, ба чӣ гумонбар аст."

"Ягона талаби мо аз мақомоти кишвар ин аст, ки Нусратулло Саидов озод карда шавад. Мақомот мехоҳанд, бо боздошти шахсоне ба мисли Нусратулло умри курсии худро дароз кунанд," – афзуд Абубакри Нурӣ.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз қазияи боздошти Нусратулло Саидов ва иттиҳоми ба зидди ӯро эълон накардаанд. Ӯ 48-сола, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва раиси хоҷагии деҳқонии "Истиқлол" аст.

Саидов моҳи феврали соли 2018, баъди насб шудани парчами сиёҳ дар бинои хоҷагиаш, дастгир шуда буд. Саидовро пас аз муддати кӯтоҳе ҷавоб доданд, вале баъдан дар наворҳое, ки ба иддаои мухолифон сохтаи ҳукумат аст, пайдо шуд ва мунтақидони ҳукуматро дар хориҷа накӯҳиш кард.

XS
SM
MD
LG