СММ мегӯяд, беш аз се миллион гурезаи украинӣ аллакай дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) мақоми ҳимояти муваққатиро дарёфт кардаанд. Ба иттилои созмон, ин мақом ба украиниҳо иҷозат медиҳад, ки дар кишварҳои ИА кору зиндагӣ кунанд.
Бино ба омори расмӣ, аз оғози нооромиҳо дар Украина тақрибан панҷ миллион шаҳрванди он кишвар ба ИА паноҳ бурдаанд. Бештари онҳоро Лаҳистон, Чехия ва Олмон қабул намудаанд.
Лаҳистон беш аз 1 миллион, Олмон 780 ҳазор, Чехия 366 ҳазор гурезаи украиниро то ҳол расман пазируфтаанд. Русия ба СММ хабар дода, ки то ҳол беш аз як миллион гурезаи украиниро пазируфтааст, аммо дар бораи чанд нафарашон дар он кишвар мақоми расмӣ дарёфт карданд ва чанд тани дигар ба ватан баргаштаанд, маълумоте ироа нашудааст.