Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Венесуэла барномаи 20-солаи ҳамкорӣ имзо кардаанд


Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла ва Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар шаҳри Теҳрон.
Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла ва Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар шаҳри Теҳрон.

Расонаҳои Эрон рӯзи 11-уми июн гузориш додаанд, ки ин кишвар бо Венесуэла барномаи ҳамкорӣ барои 20 соли ояндаро ба имзо расонидаанд. Барнома аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷи нафту газ, туризм ва фарҳангро дар бар мегирад.

Барномаи ҳамкорӣ дар як маросим дар Кохи Саъдобод дар Теҳрон дар ҳузури Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Николас Мадуро, ҳамтои венесуэлагии ӯ имзо шудааст. Мадуро рӯзи 10-уми июн вориди Теҳрон шудааст ва ба гуфтаи расонаҳои Эрон аз ирсоли маводи сӯхти эронӣ ба кишвари муҳтоҷаш ба ин мавод ситоиш кардааст. Эрону Венесуэла таҳти таҳримоти сахти иқтисодии Амрико қарор доранд.

XS
SM
MD
LG