Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ду нерӯгоҳи нав месозад


Ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори 22 миллион китоват-соат дар сол дар обанбори Ҳисор дар вилояти Қашқадарё ва обанбори Оҳангарон дар вилояти Тошканди Узбекистон сохта мешавад.

Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 8-уми июн хабар дод.

Соли 2017 бо фармони президенти он кишвар ширкати "Узбекгидроэнерго" таъсис шуд. Ин ширкат 6 обанбори Узбекистонро дар ихтиёр дорад.

Раисиҷумҳури Узбекистон дастур додааст, ки амнияти обанборҳо аз ҳисоби навсозии дарғотҳо, дастгоҳҳои андозагирии ҳаҷми об ва рақамисозии низом боло бурда шавад.

XS
SM
MD
LG