Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW қатлҳои соли 1988-ро "ҷиноят алайҳи башарият" донист


Намоиши акси қурбониён
Намоиши акси қурбониён

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch (HRW) мегӯяд, далелҳои зиёде баёнгари онанд, ки қатли ҳазорон маҳбуси сиёсӣ дар соли 1988 дар Эрон "ба ҷиноят алайҳи башарият баробар аст".

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар гузорише 8-уми июн гуфт, мақомоти Эрон бо амри раҳбари вақт, Оятуллоҳ Хумайнӣ, ҳазорон маҳбуси сиёсиро дар саросари кишвар "бошитоб" ва "бе муҳокима" эъдом кардаанд.

Аммо, ба гуфтаи масъулони созмон, дар Эрон барои ин кор касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, HRW гуфт, қазияро бояд додгоҳҳои хориҷӣ баррасӣ карда, мансабдорони эрониро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ҳамон тавре, ки ба навиштаи созмон, дар Шветсия Ҳомид Нурӣ, мансабдори собиқи эрониро барои қатлҳои дастҷамъӣ дар соли 1988 муҳокима мекунанд.

Тара Сипеҳрифар, пажӯҳишгари аршади Дидбони Ҳуқуқи Башар дар масоили Эрон гуфт, "хонаводаи қурбониёни кушторҳои дастҷамъии соли 1988 даҳсолаҳо ба таври хастагинопазир, аммо бидуни натиҷа, дунболи ҳақиқат ва адолат барои наздикони худ ҳстанд."

XS
SM
MD
LG