Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Чин оғоз мешаванд


Баъди ду соли танаффус, аз рӯзи 23-юми июни имсол парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора оғоз мешаванд. Парвоз дар хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанберо ширкати чинии China Southern Airlines анҷом медиҳад.

Сафорати Чин дар Тоҷикистон бо нашри як эълон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистонро эълон кард. Бар асоси ин эълони сафорат, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Чин парвоз кунанд, бояд санад дар бораи бемор набудан ба COVID-19 ё ПЦР тест дошта бошанд. Аммо бархилофи дигар кишварҳо, ташхис на се рӯз қабл аз парвоз, балки як рӯз қабл аз парвоз бояд анҷом дода шавад.

Дар хабари Сафорат ҳамчунин омадааст, танҳо ташхисҳое пазируфта мешаванд, ки дар маркази ташхиси "Диамед" гузаронда шудаанд. Дар ҳоле, ки ташхиси COVID-19 дар дигар ташхисгоҳҳои Душанбе ҳам гузаронда мешаванд, маълум нест, ки чаро танҳо натиҷаҳои ташхиси "Диамед" барои сафар ба Чин пазируфта мешаванд. Масъулини Сафорати Чин гуфтаанд, натиҷаи ташхис бояд дар шакли чопӣ ва бо муҳр бошад.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дар пайи хуруҷи пандемияи коронавирус қатъ шуда буд. Дар ин масир асосан тоҷирон парвоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG