Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Донетск марги боз як генерали русро тасдиқ карданд


Major General Roman Kutuzov
Major General Roman Kutuzov

Як намояндаи минтақаи ҷудоиталаби Донетск дар шарқи Украина хабарҳоро дар бораи кушта шудани генерали рус, Роман Кутузов, тасдиқ кард.

Денис Пушилин рӯзи 7-уми июн дар Telegram навишт, "имрӯз бо генерал видоъ кардем".

Кутузов дар ҷараёни даргириҳо дар вилояти Луҳанск кушта шудааст. Бахше аз ин қаламравро ҷудоиталабон назорат мекунанд.

Ду рӯз пеш чанд хабарнигори тарафдори Кремлин гузориш доданд, ки Роман Кутузов дар ноҳияи Попаснаи вилояти Луҳанск кушта шуд.

Маълумотро ҳанӯз мақомоти расмии Русия ва Украина тасдиқ накардаанд.

Александр Сладков, хабарнигори ширкати давлатии телевизион ва радиои Русия, мегӯяд, аз замони ҳамлаи беасоси Русия ба Украина (24-уми феврали 2022) чаҳор генерали рус кушта шудаанд.

Русия дар бораи талафот дар миёни нерӯҳояш маълумоти зиёд намедиҳад.

Нашрияи The New York Times хабар дод, ки дар тақрибан чаҳор моҳ ҷанги Русия дар Украина ҳудуди 12 генерали рус кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG