Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Лавров роҳ надоданд, сафарашро ба Сербистон бекор кард


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, сафарашро ба Сербистон бекор кардааст.

Чанд кишвари минтақаи Балкан дар пайванд ба таҷовузи Маскав ба Украина ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи ҳавопаймои ӯ бастанд.

Лавров, ки зери таҳримҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Канада аст, 6-уми июн дар нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт, “ҳодисаи ғайри қобили тасаввур рӯй дод”.

"Ин маънои маҳрум кардани як давлати соҳибихтиёр аз ҳаққи пеш бурдани сиёсати хориҷияш аст,” -- афзуд ӯ.

Мақомоти Русия аз кишварҳое, ки ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи ҳавопаймои Лавров бастаанд, ном набурданд.

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли як мақоми баландпояи Вазорати корҳои хориҷӣ аз Булғористон, Мақдунияи Шимолӣ ва Черногория ном бурдааст.

Бори дувум аст, ки ба далели баста шудани ҳарими ҳавоии кишварҳо, сафари Лавров халалдор мешавад. Дар охири моҳи феврали имсол, чанд рӯз пас аз оғози ҷанги Маскав алайҳи Украина, ӯ маҷбур шуд, сафарашро ба Женева лағв кунад.

XS
SM
MD
LG