Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

780 мавриди гирифторӣ ба сурхакони маймун дар 27 кишвари ҷаҳон


Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) гузориш дод, ки 780 мавриди гирифторӣ ба бемории сурхакони маймун дар 27 кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст.

Ин омор мавридҳои мусбат дар кишварҳои африқоиро дар бар намегирад. Сурхакони маймунро дар ин кишварҳо бемории “бумӣ” меноманд.

СҶТ дар гузориши худ мегӯяд, хатари сурхакони маймунро дар ҳоли ҳозир “миёна” арзёбӣ кардааст. Ҳамзамон ҳушдор дода, ки агар ин вирус дар кишварҳои берун аз Африқо густариш биёбад, метавонад, хатари бештарро бор оварад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, 207 мавриди сурхакони маймун дар Бритониё, 156 маврид дар Испания, 138 ҳолат дар Португалия, 58 маврид дар Канада, 57 маврид дар Олмон сабт шудааст.

То ҳанӯз ҳеч мавриди марг аз бемории сурхакони маймунро дар берун аз кишварҳои африқоӣ сабт накардаанд.

XS
SM
MD
LG