Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Украина ниме аз Северодонетскро “гирифтаанд”


Сарбозони Легиони байнулмилалии муҳофизати Украина. Северодонетск, Луҳанск, 2-юми июни 2022
Сарбозони Легиони байнулмилалии муҳофизати Украина. Северодонетск, Луҳанск, 2-юми июни 2022

Сергей Ҳайдай, волии Луҳанск, мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳоло тақрибан нисфе аз қаламрави шаҳри Северодонетскро зери назорат доранд.

Ба гуфтаи Ҳайдай, нерӯҳои Русия қаблан 70 дарсади қаламрави ин шаҳрро ишғол карда буданд, вале дар ду рӯзи гузашта нерӯҳои украинӣ тавонистаанд, бахше аз минтақаҳои аз дастрафтаро дубора соҳиб шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, "ҳашт низомии рус асир гирифта шуданд". Ҷониби Русия то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Вазорати дифои Бритониё ва Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг дар Амрико низ комёбии нерӯҳои Украинаро дар Северодонетск зикр кардаанд.

Тибқи гузориши ҳаррӯзаи Вазорати дифои Бритониё, нерӯҳои украинӣ эҳтимол тавонистаанд, "суръати пешравии нерӯҳои Русияро суст кунанд".

Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, Русия барои коҳиш додани талафот дар миёни нерӯҳояш эҳтимол аз нерӯҳои заифу бетаҷрибаи минтақаи худхондаи "ЛНР" истифода мебарад.

Ҷангҳо барои Северодонетск моҳи марти имсол оғоз шуданд. Охири моҳи май нерӯҳои Русия ба шаҳр даромада, як қисми маҳалҳои аҳолинишинро ишғол карданд. Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, гуфт, шаҳр забт шудааст, вале Вазорати дифои Русия инро расман тасдиқ накардааст.

XS
SM
MD
LG