Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилҳаёт Қосимови 34-соларо дар Амрико ба ҳабс маҳкум карданд


Аҳрор Саидаҳметов, Аброр Ҳабибов, Абдурасул Ҷӯрабоев ва Дилҳаёт Қосимов дар додгоҳ
Аҳрор Саидаҳметов, Аброр Ҳабибов, Абдурасул Ҷӯрабоев ва Дилҳаёт Қосимов дар додгоҳ

Додгоҳи федеролии Амрико рӯзи 3-юми июн як узбекистонии муқими Ню-Йоркро ба гуноҳи пуштибонӣ аз гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ба 15 сол зиндон маҳкум кард.

Дилҳаёт Қосимови 34-сола моҳи сентябри соли 2019 ба тавтеа ва кӯшиши расондани ёрии молӣ ба ДОИШ гунаҳкор шуда, аммо ҳукмаш набаромада буд.

Қосимов ба он гунаҳкор аст, ки соли 2015 ба Абдурасул Ҷӯрабоев ва Аҳрор Саидаҳметов, ки қасд доштаанд, ба Сурия рафтаву аз тарафи ДОИШ биҷанганд, пул додааст.

Ба иттилои мақомот, Қосимов дар Бруклин мезист ва моҳи феврали соли 2015 Саидаҳметовро дар фурудгоҳи ба номи Ҷон Кеннеди пешвоз гирифта, аз номи худашу Аброр Ҳабибов ва дигарон 1600 доллар додааст.

Абдурасул Ҷӯрабоев ва Аҳрор Саидаҳметов ба 15-солии зиндон маҳкум шудаанд. Азизҷон Раҳматов, узви дигари гуруҳ, 12,5 сол аз озодӣ маҳрум аст.

Аброр Ҳабибов ва гумонбари дигар, Акмал Зокиров, мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG