Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, кишвараш монеи содироти гандуми Украина нашудааст


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия иттиҳомот дар ин бораро рад кард, ки артиши кишвараш намегузорад, гандуми Украина аз тариқи Баҳри Сиёҳ содирот шавад ва гуфт, ҳукумат замонат медиҳад, ки киштиҳо бандарҳои ин баҳрро бехатар тарк кунанд.

Дар як мусоҳиба бо телевизиони давлатии Русия дар рӯзи 3-уми июн Владимир Путин Украинаро ба он муттаҳам кард, ки Баҳри Сиёҳро минакорӣ ва киштиҳоро ғарқ кардааст, то монеи содироти гандум шавад. Украина аз бими ҳамлаи Русия ва ишғоли бандари муҳими Одесса дар Баҳри Сиёҳ атрофи онро минакорӣ кардааст.

Владимир Путин гуфт: “Ман ба тамоми ҳамкоронам борҳо гуфтам, ки иҷоза диҳед, минаҳоро барчинанд ва киштиҳои гандум бандарҳоро тарк кунанд. Мо ба онҳо иҷоза медиҳем, бехатар ба обҳои байналмилалӣ шино кунанд.”

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, баъди барчидани минаҳо неруҳои кишвараш аз баҳр ба Украина ҳамла нахоҳанд кард, вале Глен Ҳовард, таҳлилгари низомӣ ва мудири Бунёди Ҷеймстаун дар Вашингтон мегӯяд, таърих нишон додааст, ки Путин ба аҳдҳои додааш вафо намекунад.

XS
SM
MD
LG