Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду донишҷӯи Ҳиндро бегуноҳ дониста, дар бораи тоҷикон чизе нагуфтанд


Деҳлӣ, Додгоҳи олии Ҳинд
Деҳлӣ, Додгоҳи олии Ҳинд

Як додгоҳи низомии Ҳинд ду донишҷӯи Академияи Низомии Деҳрадунро дар ин кишвар, ки ба занозанӣ бо донишҷӯёни тоҷик гунаҳкор дониста шуда буданд, бегуноҳ донист ва барои таҳсил ба ин донишгоҳ баргардонд.

Нашрияи “Индиан Экспресс” рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки Динеш Сингҳ ва Сепой Дҳармендра Кумар акнун ҳақ доранд, ба Академияи низомӣ баргашта, барои афсар шудан таҳсилро идома диҳанд.

Муноқишаву занозании донишҷӯёни ҳиндӣ бо чаҳор донишҷӯи тоҷик моҳи июни соли 2021 рух додааст. Донишҷӯёни ҳиндӣ гуфтаанд, афсарони ояндаи тоҷик аввал дар утоқ ба онҳо дарафтода ва якеро ҳам захмӣ кардаанд.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки донишҷӯёни тоҷик бар хилофи қоидаҳои Академияи низомӣ дар утоқашон телефони мобил доштаанд.

Дар бораи сарнавишти донишҷӯёни низомии тоҷик чизе гуфта нашудааст. Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам то ҳол дар ин бора шарҳе надодааст.

Ҳукумати Ҳинд солҳост, ба Тоҷикистон дар тарбияи афсарон ва тақвияти артиши миллӣ мадад мекунад.

XS
SM
MD
LG