Теъдоди қурбониёни фурӯрезии як бино дар шаҳри Ободони Эрон ба 37 кас расид. Дастикам панҷ нафари онҳо донишҷӯ ҳастанд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, рӯзи 1-уми июн ҷасади боз як нафарро аз зери вайронаҳо берун оварданд.
Ин бино рӯзи 23-юми майи имсол чаппа шуд. Тақрибан чиҳил каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Маълум нест, дар зери хароба ҷасадҳои дигар низ мондаанд ё не.
Фурӯпошии бинои нотамом дар шаҳри Ободон яке аз тасодуфҳои маргбортарин дар солҳои охир дар Эрон будааст.
Мақомоти Эрон чаппа шудани биноро ба вуҷуди фасоди молӣ ва саҳлангории мақомоти маҳаллӣ рабт доданд.
Онҳо гуфтанд, то ин дам 13 нафар, аз ҷумла раиси шаҳр ва мансабдорони дигарро барои нақзи қонуни сохтмон дастгир карданд.
Дар ҳамин ҳол, мардум ба эътирози худ алайҳи саҳлангорӣ ва фасоди густарда миёни мансабдорон идома медиҳанд.