Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз моҳи июл нархи барқро гаронтар мекунад


Узбекистон аз 1-уми июли имсол бо ҳифзи таҷрибаи субсидия ба истифодаи нерӯи барқу газ меъёри истеъмоли иҷтимоӣ ҷорӣ мекунад, ки дар натиҷа арзиши таърифаҳои хидматрасонии коммуналӣ гаронтар хоҳад шуд.

Лоиҳаи қарори ҳукумати Узбекистон "Дар бораи тағйир додани нархи захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ" дар он кишвар аз 31-уми май то 15-уми июни имсол дар баррасӣ хоҳад буд.

Бар асоси ин қарор, аз 1-уми июл истифодабарандагоне, ки дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 165 сӯмӣ (0,015 доллар) хоҳанд дод.

Истифодабарандагони дигар то 250 кВт/соат дар моҳ 325 сӯмӣ (0,03 доллар) ва барои 1 кВт/соати зиёда аз 250 кВт/соат дар моҳ 650 сӯмӣ (0,05 доллар) мепардозанд.

Дар ҳоли ҳозир арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ дар Узбекистон 295 сӯм (0,027 доллар) аст.

XS
SM
MD
LG