Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон мунтазири мавҷи азими муҳоҷирон аз Русия аст


Яке аз фурудгоҳҳои Русия
Яке аз фурудгоҳҳои Русия

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон мавҷи азими муҳоҷиронро аз Русия ба Қазоқистон дар моҳи сентябри имсол пешбинӣ мекунад.

Ерболат Абулхатин, як масъули Вазорати меҳнати Қазоқистон, гуфт, то 1-уми майи имсол 14 ҳазор кас марзи Қазоқистонро гузашта, 9 ҳазор нафари онҳо дар ҳуҷҷатҳо зикр кардаанд, ки барои кор омадаанд.

"Метавон гуфт, ҳоло "гулҳои сари сабад"-и бозор ба Қазоқистон меоянд. Инҳо метавонанд, хона иҷора гиранд ва ё аз ҳисоби ширкатҳои худ дар меҳмонхона истанд. Эҳтимол аст, бо наздик шудани тирамоҳ одамони одӣ ба суроғи кор оянд", - гуфт Ерболат Абулхатин.

Вай афзуд, бештари муҳоҷирон аз Русия ба шаҳри Алмато меоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, наздик ба 200 ҳазор қазоқистонӣ дар хориҷ аз он кишвар муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол ширкатҳои бузурги хориҷӣ Русияро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG