Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин шуруъ мешавад


Фурудгоҳи Душанбе
Фурудгоҳи Душанбе

Пас аз танаффуси дусолаи вобаста ба пандемияи коронавирус парвози мустақими ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин барқарор мешавад.

Парвози аввалин рӯзи 23-юми июн аз Душанбе ва Урумчӣ ва баръакс дар назар гирифта шудааст.

Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар дод, ки ин ниҳод барои аз сар гирифтани парвозҳо аз ҷониби Чин посухи расмӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, ширкати “Сомон Эйр” ва “China Southern Airlines” дар ду ҳафта як парвозӣ анҷом медиҳанд. Бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус, Тоҷикистон 10-уми апрели соли 2020 марзҳояшро барои равуои одамон ба Чин баста буд.

Моҳи октябри соли 2020 азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар ба нақша гирифта шуд, аммо пайваста ба таъхир меафтод. Чин шарики стратегӣ ва сармоягузори асосии тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ном бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG