Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳани Тоҷикистон бо Русия музокирот дорад


Қатори роҳи оҳан солҳои пеш муҳимтарин василаи ба Русия сафар кардани муҳоҷирони корӣ буд
Қатори роҳи оҳан солҳои пеш муҳимтарин василаи ба Русия сафар кардани муҳоҷирони корӣ буд

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо Русия ва кишварҳои дигари минтақа барои аз сар гирифтани ҳаракати қатор ё поездҳо музокира доранд.

Ду сол пеш, ба сабаби пандемияи коронавирус, ҳаракати қаторҳо қатъ шуда буд. Роҳи оҳан яке аз василаҳои арзони рафтуомади муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва Қазоқистон аст.

Комил Мирзоалӣ, сардори идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 1-уми июн дар посухи хаттиаш ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Русия музокира доранд, то ҳаракати қаторҳо аз нав барқарор шаванд.

Ӯ гуфтааст, қарорро бояд Ситоди зидди коронавируси Русия қабул кунад.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ва таҳсил ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Онҳо пайваста аз нархи гарони билети ҳавопаймо шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG